Кашфи 100 кг героин дар Суғд

Хабари хуб 18.06.2009 14:24

Дар пайи як амалиёти кормандони Агентии назорат бар маводи мухаддир дар вилояти Суғд, беш аз 100 кг героин кашф ва забт шудааст. Масъулони Агентии назорат бар маводи мухаддир дар вилояти Суғд, рӯзи сешанбеи 16 июн гуфтанд, ин миқдор героин, зимни амалиёти фаврӣ дар наздикии марзи бо вилояти Бодканди Қирғизистон, 300 метр дуртар аз роҳи мошингарди Хуҷанд - Конибодом кашф ва мусодира шудааст.

Зеро ба гуфтаи ин масъулон, қочоқбарони маводи мухаддир, ки гуфта мешавад ду нафар будаанд, маводро гузошта ва бо истифода аз торикии шаб ба қаламрави Қирғизистон паноҳ бурданд.

Ҳамакнун мушаххас шудааст, ки маводи забтшуда тавлиди Афғонистон буда ва барои бори аввал аст, ки ин миқдор героин дар қаламрави вилояти Суғд кашф ва мусодира шудааст.

Дар муддати панҷ моҳи нахусти соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Суғд, ҳудуди 300 кг маводи мухаддир кашфу мусодира шудааст, ки нисфи онро героин ташкил медиҳад.

Аммо масъулони Агентӣ мегӯянд, кашфу мусодираи беш аз 100 кг героин дар шимоли кишвар ба фаъолияти кормандони ин ниҳоди амниятӣ дар чорчӯби амалиёти мавсум ба "Кӯкнор -2009" таъаллуқ мегирад.

Ин дар ҳолест, ки масъулони Агентии назорат бар маводи мухаддир мегӯянд, амалиёти "Кӯкнор - 2009" бо ширкати ҳамаи ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии дар қалмрави Тоҷикистон ҷараён дорад. Ба гуфтаи Саъдулло Раҳматуллоев, масъули Агентии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзҳои гузашта дар чорчӯби ин амалиёт дар қаламрави ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон беш аз 2 ҳазору 300 бех бангдона ва хашхош кашф ва нобуд карда шудааст. Инчунин дар навоҳии Шаҳринав ва Рӯдакӣ низ, ҳудуди 400 бех бангдонаро кашф ва аз тариқи сӯзондан, нобуд карданд.

Интизор меравад, амалиёти "Кӯкнор - 2009" то охирҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ идома пайдо кунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97