Ширкати Telia саҳмияи худро дар ширкати Tcell мефурушад

Хабари хуб 07.09.2016 13:01

Ширкати Telia розӣ шуд созишномаи фурӯши 60% саҳмияи худро дар ширкати холдингии “Central Asian Telecommunications DevelopmentB.V.” (CATD B.V.), ки соҳиби ширкати ҶСП “Индиго Тоҷикистон” (бренди Tcell) мебошад, бо Фонди Оқохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) ба имзо расонад. Айни замон, AKFED 40% саҳмияи “Central Asian Telecommunications Development B.V.” доро буда, саҳмиядори аққалиятӣ ба ҳисоб меравад. Харидуфурӯш, ки бояд аз ҷониби мақомоти танзимкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шавад, ба нақша охири соли 2016 ба анҷом расонида шавад.

 «Фурӯши саҳмияамон дар ширкати Tcell бо мақсади мо оид ба қоҳиш додани ҳузури худ дар бозори Авруосиёя ва диққати худро бештар ба бозори Аврупо ва кишварҳои Нордик равона сохтан, мувофиқат менамояд. AKFED аз замони таъсиси ширкати Tcell саҳомдори муҳим ба ҳисоб меравад ва ман бовар дорам, ки AKFED ин ширкатро дар оянда боз ҳам муваффақтар мегардонад.” – мегӯяд Йохан Деннелинд, президант ва директори генералии ширкати Telia.

Нархи фурӯш дар асоси арзиши ҶСП «Индиго Тоҷикистон», ки 66 миллион доллари ИМА‑ро ташкил медиҳад, аз он 60% саҳмия, яъне 39 миллион доллари ИМА ба ширкати Telia таалуқ дорад, ҳисоб карда шудааст. Нархи мувофиқашудаи фурӯш тақрибан ба мултипликатори чор маротибагии EV/EBITDA ширкати Tcell аз рӯи ҳисоботи соли 2015, ки бо қурби асъори чорӣ аз нав ҳисоб карда шудааст, мувофиқат менамояд. Харидуфурӯш ба натиҷаҳои молиявӣ ва қарзи тозаи ширкати Telia то ҳаде таъсир мерасонад.

Ширкати Telia, якҷоя бо мушовирони хориҷи доир ба масоили хатарҳо, санҷиши бо эътимоди ширкат ва тарафҳое, ки ба раванди харидуфурӯш рабт доштанд, ба анҷом расонид.

 Ширкати Telia АВ уҳдадор аст, маълумоти мазкурро мутобиқи Дастури зиддиниҳисории Иттиҳоди Аврупо ва ё Санад оид ба танзими бозори қоғазҳои қимматнок нашр намояд.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97