Соат-телефони ҳушманди ширкати Самсунг вориди бозор шуд

Хабари хуб 01.09.2016 13:39

Ширкати куриёии Самсунг яке аз охирин фановариҳо дар бахши пӯшиданиҳои ҳушманд, яъне аввалин соати муҷаҳҳаз ба сим корти «эй-сим»ро равонаи бозор кард

Бо ин соати зебо ва ҳушманд, ки Gear S2 Classic ном дорад, метавон аз музоидаи телефони ҳушманд низ бархурдор шуд. Сарфи назар аз мавқеияти макони корбар, бо он дар канори барқарории тамос ва сӯҳбат кардан бо дигарон ё фиристодан ва дарёфти SMS, метавон сафҳаҳои интернетиро рӯйи ин соати зебои ҳушманд мушоҳида кард ва эмейлҳоро хонд.

Бо истифода аз ин соат ҳамчунин метавон аз имконот барои мудирияти фаъолиятҳои физикӣ ва варзишӣ монанди гомшумор, монитори зарабони қалб, мошини ҳисоб ва ғайра баҳра ҷуст ё ба шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Твитер саре зад.

Фурӯши соати Gear S2 Classic аз 29 август дар бозорҳои Италия ба қимати 399.90 евро оғоз шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97