Рӯзҳои технологияи волои «МегаФон» барои сокинони Панҷакент

Хабари хуб 10.08.2016 18:44

 Ширкати «МегаФон» дар Панҷакент платформаи интерактивӣ ё таомулиро бо ҷозибаҳои навоварона ва бозиҳои ҷолиб баргузор намуд. Сокинони шаҳр дар ин барнома интернети баландсуръатро таҷриба намуда ва ба таври ройгон бо наздикони худ, ки дар Русия ҳастанд, занг заданд.

 Платформаи интерактивии «МегаФон – барои тамос бо хона» дар маркази шаҳри Панҷакент фаъолият намуд. Ин ҷашни технологияҳои баланд ё воло барои намояндагони ҳамаи сину сол хушҳолкунанда буд. Ҷавонон барои ошноии наздик пайдо намудан ба воқеъиятҳои маҷозӣ дар навбат саф ороста буданд ва бузургсолтарон аз мутахассисони «МегаФон» дар мавриди алоқаи мобилӣ маслиҳат дарёфт менамуданд ва ба наздикони худ дар Русия ба таври ройгон тамос мегирифтанд.

«Ташаккур ба «МегаФон» барои алоқаи мутмаин! Ман бо писари худ тамос гирифтам, ӯ садои маро шунида ва хеле хушҳол шуд. Ӯ дар мавриди кору бори худ ва дар бораи саломтиву зиндагии худаш қисса кард. Барои ман бисёр хушоянд буд, ки бо писарам, ки дур аз ман қарор дорад, суҳбат намудам», нақл мекунад, як сокини ҷамоати Ёрии ноҳияи Панҷакент Узоқбой Насриддинов.

«Барои ҳамватанони мо, ки садҳо ва ҳатто ҳазорон километр аз Ватан дур ҳастанд, бисёр муҳим аст, ки бидонанд дар хонаводаҳои онҳо дар ин ҷо чи аҳвол аст ва чи мегузарад». «МегаФон» алоқаи муътамадро бо хонаҳо дар саросари Тоҷикистон таъмин мекунад. Бовар дорам, ки туҳфаи хурдакаки мо – имкон додан барои шунидани овози волидайн, барои ҳамаи онҳое, ки аз маърака дидан карданд, хушоянд ва мақбул буд», меғӯяд Фирдавс ЗЕВАРОВ, роҳбари раёсати минтақавии ширкати «МегаФон» дар вилояти Суғд.

Ширкат туҳфаи алоҳидаеро барои сокинони фаъоли шаҳр, ки дар викторина ширкат намуда ва ба суолҳо роҷеъ ба таърихи технологияиҳои мобилӣ посух доданд, омода намуда буд. Fолибон савғоҳои маркадори «МегаФон»-ро соҳиб шуданд.

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97