МегаФон» алоқаи босифати худро дар баландкуҳҳои Тоҷикистон ба намоиш гузошт

Хабари хуб 04.08.2016 15:31

Иштирокдорони телеком-экспедитсия бо номи «МегаФон дар баландӣ», ки аз суи «МегаФон» барои журналистон ва блогнависони Тоҷикистон ва Русия роҳандозӣ шуда буд, бо гардишгарӣ ё экскурсия дар иншооти дорои технологияи баланди алоқа, дар баландии 3850 метр аз сатҳи баҳр анҷом ёфт. Дар ҷараёни ин экскурсия журналистон ба таври тантанавӣ ин пойгоҳи алоқаро «Боми ҷаҳон» унвон гузоштанд. Пойгоҳи асосии мазкур дуввумин погоҳи баландтарини шабакаи «МегаФон» аз сатҳи баҳр дар Тоҷикистон аст.

Пойгоҳи асосии лоқаи «Боми ҷаҳон» дар маҳаллаи маскунии Аличур дар баландии 3850 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир карда шудааст. Дар ин минтақа ҳамагӣ 500 нафар зиндагӣ мекунад, аммо онҳо аз ҳамон имконоте бархурдоранд, ки сокинони шаҳрҳои бузург дар истифода аз хадамоти интернетӣ метавонанд истифода кунанд. [амчунин пойгоҳи мазкур алоқаи боэътимодро дар қитъаи роҳи Хоруғ-Мурғоб дар масофаи 80 км таъмин мекунад.

«Сматрофонҳои замонавии пайваст бо интернет ин ҳам як «китобхонаи кисагӣ», ҳам телевизор ва ҳам дастрасӣ ба ба хадамоти давлатӣ мебошад. Бо васеъ намудани шабакаи алоқа дар баландкуҳҳои Бадахшон мо ба муштариёни худ имкон фарохам меорем, ки худро бахше аз олами бузург эҳсос намуда, ахбори муҳимро дастрас кунанд ва берун нарафта аз деҳаи худ имкони гирифтани таҳсилоти фосилавиро дошта бошанд. Муҳимтар аз ҳама дар манотиқе, ки зуд-зуд заминҷунбӣ, сел ва обхезӣ руй медиҳад, мавҷудияти шабакаи алоқа муҳим аст. Дар сурати ҳодисаи табиӣ истифода аз телефон имкон медиҳад, ки сари вақт ёрии духтур ва наҷотдиҳандагон расонида шавад, мегӯяд роҳбари раёсати минтақавии ширкати «МегаФон» дар ВМБК Раҳим Садоншоев.

 Барои он ки кори муназзами шабка дар ҳар шароит ба роҳ монда шавад, муҳандисони «МегаФон» пойгоҳҳои асосии алоқаро дар ҷойҳое насб мекунанд, ки хатари зери об монданашон таҳдид намекунад ва аз системаи муқовим дар баробари хатои техникӣ ва манбаи барқи алтернативӣ истифода мекунанд. Ин пойгоҳҳо метавонанд ҳам аз шабакаҳои барқи умумӣ ва ҳам аз манбаҳои барқи дохили худӣ – дизел в агенераторҳо истифода кунанд. Бисёре аз ин пойгоҳҳо, аз ҷумла пойгоҳи асосии алоқаи «Боми ҷаҳон» ба ҷузъ аз генераторҳо, ҳамчунин бо дастгоҳи тавлиди барқи бодӣ ва батареяҳои хуршедӣ низ таъмин мебошанд. Ин гуна амалкард ба мақсад мувофиқ аст: Ба ҳангоми офатҳои табиӣ дар солҳои 2015-2016 дар ВМКБ «МегаФон» комилан коршоямии худро собит намуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97