Тиҷорати муваффақ бо истифода аз алоқаи «МегаФон»

Хабари хуб 01.08.2016 14:04

Ширкати «МегаФон» рӯзи 23 июли соли 2016 дар вилояти Суғд ба ҳайси шарики генералии барномаи «Бизнес-Коннект» баромад кард. «МегаФон» ширкаткунандагон ва баргузоркунандагони ин барномаро бо интернети босуръати мобилӣ таъмин сохт.

 

«Бизнес-Коннект» имкониятест, ки бо истифода аз он Шумо метавонед, дар муддати кӯтоҳ доираи шарикон ва робитаҳои тиҷоратии худро васеъ намуда, бо шарикон ва ё муштариёни дорои зарфият ва имконот ошно шавед. Механизми барнома бар асоси қонунҳои классикии (дӯстёбӣ) Speed Dating сохта шудааст: ширкатдоррони чорабинӣ ба таври давомдор аз як миз ба мизи дигар менишинанд, кортҳои шиносоии худро (визиткаҳояшонро) ба якдигар медиҳанд ва ошноӣ пайдо мекунанд, Барои ҳар бизнес-экспресс-шиносоӣ 2 дақиқа вақт ҷудо мешавад, баъди он иштирокдорони як тараф ба мизи дигар мегузаранд, ба усули ҳаракати ақрабаки соат. Интернети босуръате, ки ширкати «МегаФон» дар ихтиёри барномаи «Бизнес-Коннект» мегузорад,, имкон хоҳад дод, ки ба сурати мустақим ё зинда ва ҳамзамон тамоми рафти ин чорабинӣ таҳти пӯшиш ва ё мушоҳида қарор дода шавад

«Аҳамияти ин барномаро барои ҷомеъаи тиҷоратӣ мушкил аст, бозбинӣ намуд. Дар як майдонча роҳбарони даҳҳо ширкати муваффақи минтақаи мо ва намояндагони тиҷорати хурду миёна гирди ҳам ҷамъ мешаванд. Дар ин ҷо тарҳҳои бисёр ояндадоре мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва робитаҳои корӣ барқарор шуданд. Ман бовар дорам, ки интернети босуръати мобилӣ аз ширкати «Мегафон» барои ширкаткунандагони ин барнома дар ҳалли табодули иттилоот барои пешниҳодоти тиҷоратӣ кумак кард,» -мегӯяд Фирдавс ЗЕВАРОВ, роҳбари раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд.

Ташкилкунандагони барномаи «Бизнес-Коннект» ҳамкори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон», ҳамшарики расмӣ: «Cargoline», шарики иттилоотии ин тарҳ радиои «Азия-плюс» .мебошанд.«Яке аз ҳадафҳои мо паҳн намудани таҷрибаи пешқадами беҳтарин соҳибкорон мебошад, ки барои ҳамаи ҷомеъаи тоҷирони вилояти Суғд муфид бошад. Аз ин рӯ ташкил намудани пахши онлайн ё мустақими ин чорабинӣ муҳим аст. Бо шарофати интернети босуръате, ки шарики боэътимоди мо пешниҳод кардааст, тамоми ширкатдорони ин тарҳ дар вилояти Суғд метавонанд, «иштирокчии виртуалии» навбатии ин барнома, ки рӯзи 28 июли соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар доир мешавад, гарданд. Ин амал боиси маъруфияти фаъолияти соҳибкорӣ, паҳн шудани таҷрибаи беҳтарин ва афзоиши маҳбубияти барнома ва таҳкими мавқеъи он хоҳад шуд», мегӯяд, роҳбари шуъбаи маркетинг «55 Group» Исмоил ИСМОИЛОВ.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97