Маслиҳати Русия ва Ирон барои ҳалли буҳронҳои минтақа

Хабари хуб 30.06.2016 13:17

Русия ва Ирон дар чорчӯби ҳалли буҳронҳои минтақа, ба вижа Сурия, боз сари маслиҳат нишастанд.

Николай Петрушев, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия ва Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ирон шоми рӯзи 28 июн дар Маскав авзои минтақаӣ, ҳамкориҳо ва табодули иттилоот байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Ин ду мақоми масъули Русия ва Ирон ҳамчунин бар зарурати ҳамоҳангиҳои бештари Русия ва Ирон барои ҳалли сиёсии буҳрони Сурия таъкид карданд.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ирон, ки дар сафари якрӯзаи худ ба Маскав, ҳамчунин бо Сергей Шайгу, вазири дифои Русия дар бораи ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, амниятӣ ва дифоӣ дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Дидор ва музокира бо Александр Ловрентев, намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Сурия низ аз дигар барномаҳои Шамхонӣ дар сафар ба Маскав будааст.

Бино ба навиштаи расонаҳои Ирон, аз панҷ соли пеш, ҳамзамон бо оғози пружае ғарбӣ-арабӣ аз сӯйи Амрико ва Арабистон зидди ҳукумати Сурия, Теҳрон ва Маскав эълом кардаанд, ки ин буҳрон роҳи ҳалли низомӣ надорад.

Буҳрони Сурия аз марти соли 2011 оғоз шуда ва то кунун беш аз 280 ҳазор қурбонӣ гирифтааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97