Ҳамла ба муҳоҷирони корӣ дар Петербург

Хабари хуб 28.06.2016 22:04

Дар маҳалли сохтмоне дар Кудровои шаҳри Санкт-Петербург ба муҳоҷирони корӣҳамлаи гуруҳӣ шудааст, ки он ба як задухӯрди оммавӣ табдил ёфт. Дар ин задухӯрд беш аз 100 нафар ширкат доштаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои Санкт-Петербург, ин муноқиша дар пайи баҳси лафзии як доғистонӣ бо муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна рух додааст. Ин марди доғистонӣ, к ибо автомобили худ аз назди майдони сохтмон мегузаштааст ва бо муҳоҷирони корӣ вориди баҳс шудааст. Гуфта мешавад, ки бо сабаби номаълум ӯ бо чанде аз муҳоҷирон ба муноқиша пардохта, дар натиҷа мавриди лату кӯб қарор гирифта он мавзеъро тарк мекунад, аммо пас аз соате дубора бо чанд тане ба маҳалли сохтмон бармегардад.

Ба қавли шоҳидони ин ҳодиса дар ин задухӯрд аз чӯбу санг ва арматура, ҳамчунин силоҳи травматикӣ истифода шуда, чанде захмӣ ва маҷруҳ шудаанд, ҳамчунин се автомобили тамғаи «Сузуки», «Жигули» ва «Тойота» низ тахриб шудааст, ки ба эҳтимоли зиёд ба ҳамлагарон тааллуқ дорад.

То замони чопи ин хабар маълум нашуд, ки оё тоҷикон низ дар ин муноқиша ҳузур доштаанд ё на.

Бино ба иттилои расонаҳои хабарии маҳаллӣ, ин задухӯрд дер давом наёфта, ҳамзамон бо ҳозир шудани кормандони пулис ва ОМОН, ширкатдорони муноқиша пароканда шудаанд. Чанде аз ширкатдорон боздошт шуда, пулис ин ҳодисаро таҳқиқ дорад.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97