Сангпуштҳои Тоҷикистонро чиниҳо хӯрданд

Хабари хуб 19.06.2016 09:05

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар барои ҷилавгирӣ аз шикор ва фурӯши сангпушт ба чиниҳо ба унвони ғизо, шикори ин ҳайвонро мамнуъ кард.

Абдуқодирхон Маскаев, роҳбари Шуъбаи назорати давлатии назорат ва ҳифзи набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, тасмими мамнуъ шудани шикор ва вориди шудани номи ин ҳайвон дар феҳристи Китоби Сурх, ба пешниҳоди Муассисаи зистшиносӣ ва ангалшиносии Академияи улум ва ба манзури ҷилавгирӣ аз инқироз ингуна‌ ҷонваре гирифта шудааст.

Маскаев гуфтааст, бо вориди шудани сангпушт ба Китоби Сурх, шикори он мамнуъ шудааст ва ҳар кас муқобили ин амр амал кунад, ба ӯ бархурди қонунӣ мешавад.

Вай бо баёни ин ки омори дақиқе аз теъдоди сангпуштҳои Тоҷикистон дар даст нест, афзудааст, кори саршумории сангпуштҳои кишварро Институти биология ва паразитологияи Академияи илмҳо дар дасти иҷро дорад.

Дар Китоби Сурхи Тоҷикистон номи растанӣ ва ҷонвароне, ки дар маърази хатари нобудшавӣ қарор мегиранд, ворид мешавад.

Дар гузашта Хадамоти гумруки Тоҷикистон борҳо аз мавридҳои ҷилавгирӣ аз қочоқи сангпушт ба Чин хабар дода буд. Гушти сангпушт дар Чин ҳамчун ғизо ва таоми хушлаззат харидорони зиёд дорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97