Ёрии Бунёди Оқохон ба деҳоти зарардидаи Бартанг

Хабари хуб 17.06.2016 14:29

Дафтари Бунёди Оқохон дар Душанбе хабар медиҳад, ки ин Бунёд барои расидагӣ ба мушкилоти деҳоти аз заминларза осебдидаи водии Бартанги ноҳияи Рӯшон иҷрои ду тарҳ ё лоиҳаи муҳимро ба анҷом расонид.

Деҳаи Ғудара дурдастарин рустои водии Бартанги ноҳияи Рӯшон аз маркази ноҳия ба масофаи 200 км ва аз шаҳри Хоруғ ба масофаи 260 км дурӣҷойгир аст. Сокинони ин русто аз камбуди оби ширин ё ошомиданӣ зиёд танқисӣ мекашиданд ва обро аз дараи Танимас мекашониданд, ки аз лиҳози санитарию гигиенӣҷавобгӯ ба талабот набуд. Ҳамчунин дар фасли зимистон ин рустоиёнро зарур буд, то барои дастрасӣ ба об масофаи 600-700 метрро тай кунанд. Барои расидагӣ ба мушкилоти мазкур Бунёди Оқохон бо кумаки Вазорати корҳои хориҷаи Финландия бо харҷи 282, 655 сомонӣ тарҳи сохтмони хати оби нӯшиданиро ба дарозии 6 километр амалӣ сохт. Ин тарҳ моҳи ноябри соли гузашта оғоз ёфт ва моҳи июни соли равон ба анҷом расонида шуд, ки бо шарофати иҷрои он 58 хоҷагии деҳа бо оби софу зулол дастрасӣ пайдо карданд.

Тарҳи дуввум бо дасгирии молиявии Сафорати Австралия дар Маскав ва маблағҳои Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи куҳистонӣ (МСДСП) бо харҷи 344, 000 сомонӣ аз ҷониби МСДСП ва Ширкати «Помир – Энержӣ» амалӣ гардид. Дар доираи ин лоиҳа барои Ниругоҳи хурди барқи обии Пасор бинои нав сохта шуд ва агрегати нави дорои иктидори 125 kWt аз ҷониби МСДСП харидорӣ ва насб гардид. Ниругоҳи хурди барқи обии Пасор бо иқтидори 7 kV соли 1999 сохта шуд ва то соли 2014 танҳо деҳаи Пасорро бо барқ таъмин мекард. Пас аз хароб шудани он бар асари заминларза аҳолии ин деҳ аз нируи барқ бебаҳра монданд. Ҳоло насби агрегати нави пуриқтидор имкон медиҳад, ки 124 хонаводаи деҳаи Пасор ва ҳамчунин деҳаҳои Бопасор ва Гудара, ки қаблан барқ надоштанд, барои бори аввал ба нируи барқ дастрасӣ пайдо намоянд.

Дар ҳоли ҳозир ҳар ду лоиҳа мавриди баҳрабардорӣқарор гирифта ва интизор меравад, дар рӯзҳои наздик ба таври расмӣ аз ин тарҳҳо рӯнамоӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки раванди амалисозии тарҳҳои дигари Бунёди Оқохон дар ин водӣ идома дорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97