Зебунисо Рустамова истеъфо дод

Хабари хуб 17.06.2016 13:13

Зебунисо Рустамова, қаҳрамони ҷаҳон, ҷоизадори Бозиҳои Олимпӣ дар камонварӣ, ки аз соли 2013 то 2016 ба ҳайси раиси Асотсиатсияи варзишгарони Тоҷикистон фаъолият мекард, аз вазифаи хеш даст кашидааст.

Зебунисо Рустамова мегӯяд, ҳанӯз аз соли 2013 мехост ин вазифаро раҳо кунад. Зеро ӯ дур аз пойтахт, дар шаҳри Хуҷанд кору зиндагӣ дорад ва сари вақт ва зуд-зуд ба Душанбе омада наметавонад. Ва яке аз сабабҳои даст кашидани ӯ аз ин вазифа дурии роҳ гуфта мешавад.

Ӯ дар Суғд дар Маркази дастгирии занон ва кӯдакон ва ҳамчунин дар клуби камонварии Зебунисо фаъолият дорад.

Ин қаҳрамони варзиш мегӯяд, бо рафтани ӯ аз ин симат бояд нафари сазовор, ҷоизадори Бозиҳои Олимпӣ ва ғолиби дигар мусобиқаҳои машҳури ҷаҳонӣ интихоб шавад.

Гуфта мешавад, ки ҷаласаи интихобӣ дар чанд рӯзи баъд баргузор мешавад ва дар он роҳбари нави Асотсиатсияи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб хоҳад шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97