«Барқи тоҷик» ниругоҳи «Сангтӯда-1»-ро ба қарз ғарқ мекунад?

Хабари хуб 17.06.2016 13:12

Пардохт нашудани маблағи истифодаи нируи барқ аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик», қарзи ниругоҳи «Сангтӯда-1» аз пардохти андозро афзуда, то рӯзи 1 апрели соли равон 7,7 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба ниругоҳи «Сангтӯда-1» ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ ба 627,5 млн. сомонӣ баробар аст.

Дафтари матбуоти ниругоҳи «Сангтӯда-1» хабар додааст: «Тибқи уҳдадориҳои «Барқи тоҷик» шуруъ аз соли 2016 ширкат ба пардохти пурра ва саривақтии истифодаи нируи барқи истифодашуда аз ниругоҳи «Сангтӯда-1» уҳдадор шуд, аммо дар зарфи 5 моҳи соли равон сатҳи пардохти маблағи нируи барқ аз суи ширкати «Барқи тоҷик» ҳудуди 39%-ро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи пасттарин аз соли 2009 аст».

Гуфта мешавад, ки тибқи тавофуқи ҷонибҳои Русия ва Тоҷикистон дар мавриди қарз аз андоз, Кумитаи андози Тоҷикистон нисбати пардохти ин қарз чораҳои иҷборӣ истифода намекунад.

Дар рӯйхати навшудаи Кумитаи андози Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли 2016 қарзи ширкати «Барқи тоҷик» 184,9 млн. сомониро ташкил додааст, ки аз тамоми корхонаву ташкилотҳои дигар бештар аст.

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97