«Тоҷиксодиротбонк» ба интиқоли пул оғоз кард

Хабари хуб 17.06.2016 13:04

Раёсати нави “Тоҷиксодиротбонк” аз 9-уми июн интиқоли пули миллиро тариқи намояндагиҳои хеш дар Тоҷикистон роҳандозӣ кардааст.

 Бино ба иттилои мақомоти нави «Тоҷиксодиротбонк», шаҳрвандон метавонанд тавассути филиал ва марказҳои хидматрасонии ин бонк ба шаҳру навоҳии кишвар, ки воҳидҳои сохтории бонк мавҷуданд, интиқоли маблағро бо сомонӣ анҷом бидиҳанд.

Қаблан “Тоҷиксодиротбонк” пардохти маоши мизоҷон тариқи кортҳои ин бонкро оғоз карда буд.

Ҳоло Раёсати нави бонк мегӯяд, бо мақсади ҳимояи манфиати муштариёни пасандоз дошта тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, дар марҳалаи аввал пардохти маблағҳои музди меҳнат ва амонатҳои муҳлаташон поёнёфтаи муштариёнро таъмин хоҳад кард.

“Тоҷиксодиротбонк”, дуюмин бонки калонтарини Тоҷикистон, ки дороиҳояш 483 миллион доллар баҳогузорӣ шудаанд, ахиран эълон кард, ки 50 дарсади саҳмияҳояшро барои фурӯш ба Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пешниҳод кардааст.

 Зимнан, Бонки миллии Тоҷикистон санаи 18 май бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон, ба муҳлати то се моҳ дар бонки зикршуда маъмурияти муваққатӣ таъйин намуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97