Сайр дар троллейбус бо WI-FI ва раиси «ТАКОМ»

Хабари хуб 17.06.2016 12:15

Чанд сол ба ин сӯ савори троллейбус нашуда будам. На аз барои он ки мошини хидматӣ дораму назарам троллейбус –ин нақлиёти арзонбаҳоро намегирад. Балки дар самте зиндагӣ ва кор мекунам, ки ин навъи нақлиёт ё дар ин хатсайр ҳаракат намекунад ва ё хеле кам аст. Аммо як занги телефонии Нисо, корманди хушмуомила ва хушсадои ширкати «Таком», ки моро барои сайёҳат бо троллейбус даъват мекард, кунҷкобам кард, ки дар ин сайри ғайримаъмулӣ ширкат биварзам.

Дар даромадгоҳи бинои «Таком» моро чанд корманди ин ширкат хайра мақдам гуфтанд ва раҳнамоӣ карданд то ба троллейбуси зиннатдодашудаи васати роҳ савор шавем.

Мусофирони иӢн троллейбус асосан аз ҷумлаи хабарнигорон ва кормандони ҶДММ «Таком буданд, ки ҳамагӣ аз телефонҳои мобил ва планшетҳои худ чашм намеканданд ва бо шавқ ба якдигар дастрасии интернет дар ин мусофирбарро муҳокима мекарданд. Машғули ин саргармӣ чӣ гуна ба истгоҳи охир расиданро пайхас ҳам накарданд. Дар истгоҳи охир кормандони ҶДММ «Таком» мусофирони меҳмонро барои пазироӣ ва рӯнамоӣ аз ин тарҳ ба қаҳвахона даъват карданд.

Константин Колесов, мудири кули (директории генералии) ширкати ҶДММ «Таком», ки низ мусофири ин троллейбус буду хабарнигоронро ҳамрохӣ мекард, зимни муаррифии ин тарҳ гуфт: Мо дар остонаи 10-умин солгарди ҷашнвораи ширкати «Beeline» дар Тоҷикистон қарор дорем. Аз ин рӯ тасмим гирифтем ба ифтихори ин санаи муҳим барои сокинони пойтахт, ки хеле аз онҳо муштариёни ширкати мо мебошанд, ҳадяе эъто намоем. Ва чун «Beeline Wi-Fi», ки дар автобусҳои шаҳри Душанбе чанде боз фаъол асту аз сӯи мусофирон истиқбол шуд, боз 10 троллейбусро, ки дар хатсайрҳои №9 ва №12 ҳаракат дорад, ба ин тарҳ шомил кардем.

Мудири кули ҶДММ «Таком» мегӯяд, ки тавсеаи Beeline Wi-Fi дар нақлиёти шаҳрӣ ин саҳми мо барои рушди Душанбе ҳамчун пойтахти муосири инноватсионӣ мебошад. Ӯ афзуд: Мо тасмим дорем, ин тарҳро фаротар аз маҳдудаи Душанбе низ густариш бидиҳем ва нақлиёти мусофирбари минтақаҳоро ҳам бо интернети ройгон васл намоем. Ҳамчунин таҷрибаро Beeline дар дигар кишварҳо дорад ва мо мехоҳем, ки онро дар Тоҷикистон низ ҷорӣ кунем.»

Зимнан, ҶДММ «Таком», ки хидматрасониҳои мухобиротиро таҳти тамғаи тиҷоратии Beeline дар қаламрави Тоҷикистон пешкаш мекунад, аввалин ширкати телекоммуникатсионист, ки дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе Wi-Fi-и ройгонро ҷорӣ кардааст.

Гуфта мешавад, марҳилаи заминагузории лоиҳаи «Beeline Wi-Fi» дар автобусҳо моҳи апрели соли 2015 аз сар гирифта шуд ва дар марҳилаи аввали амалисозии ин тарҳ дар 10 автобуси хатсайрҳои №8 ва №18 таҷҳизоти махсус насб шуд, ки ба мусофирон интернети бепулро пешкаш мекард. Пас аз як соли ин иқдом ширкати Beeline қисмати дуюми тарҳи «Beeline Wi-Fi»-ро дар троллейбусҳои хатсайри № 9 ва №12 ва боз 10 автобуси дигар таҷриба кард. Ҳанӯз дар аввали кор ба самти нахустин троллейбуси «Wi-Fi»-дор, ки мо вижамусофирони он будем, теъдоди азиме аз мусофирон мехостанд савори он бишаванд. Аз ин бармеояд, ки ин тарҳи ширкати ҶДММ «Таком» як иқдоми пуртарафдор аст, ки мардум аз он истиқбол мекунанд.

Константин Колесов, мудири кули ширкати ҶДММ «Таком» мегӯяд, ки ин иқдоми онҳо метавонад ба дигар ширкатҳо намунаи ибрат бошад, ки ҳамчунин тарҳҳоеро барои сокинони Тоҷикистон пешкаш намоянд. Зеро ба гуфтаи ӯ, пас аз манъи таксиҳои ғайриқонунӣ аз сӯи шаҳрдор ин иқдоми онҳо боис мешавад то бештар мусофирон аз нақлиёти ҷамъиятӣ, ба мисли автобус ва троллейбусҳо истифода кунанд, ки ҳам бехатар ва ҳам барои худи онҳо муфид мебошаду то расидан ба макон аз интернети ройгон низ баҳра мебаранд.

Аммо ба назари инҷониб, на танҳо ин иқдоми ҶДММ «Таком» боиси пайравист, балки амали худи Константин Колесов, мудири кули ширкати ҶДММ «Таком» намунаи ибрате барои раисону кабирон аст, ки гоҳе ҳамроҳи мардумон савори нақлиёти ҷамъиятӣ бишаванд. Ва чун раиси ширкати ҶДММ «Таком» барои мардум хидмате арзанда бикунанд. 

А. Мирзо,

мусофири троллейбуси дорои«Beeline Wi-Fi»

Бознашр аз "Миллат" №22 аз 08.06.2016

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97