Муштариёни «МегаФон» имкони интихоби бештари бастаҳои таруфаи «Всё включено»-ро соҳиб шуданд

Хабари хуб 16.06.2016 14:09

Ширкати «МегаФон» бастаҳои хидматрасонии иловагиро дар ҷадвали таруфаҳои нақшавии «Всё включено» ҷорӣ кардааст. Акнун барои он ки дар тамоси доимӣ бо хонавода қарор дошта бошед ва бидуни маҳдудият бо наздикони худ гуфтугӯ кунед, метавонед бастаи хидматрасониро ҳамагӣ бо арзиши 5 сомонӣ харидорӣ намоед

Сар аз 7 июн дар шумори пешкашҳои хидматрасонии ширкат таруфаҳои нави «Всё включено XXS» ва «Всё включено XS+» роҳандозӣ шудааст. Назар ба бастаҳои хидматрасонии ҷорӣ бастаҳои нав муҳлати камтари амал (10 рӯз) доранд ва арзонтар мебошад. Ин ҳол имкон медиҳад, ки ҳаққи хидматрасонӣ қисм ба қисм пардохт шавад. Яъне муштарӣ ба ҷои пардохти ҳаққи хидматрасонии як моҳа метавонад, аз ин бастаҳои «хурд» пайи ҳам чанд бор дар давоми моҳ истифода кунад.

 Бастаи «Всё включено XS+» бо пардохти ҳаққи иштирок ба маблағи 6,5 сомонӣ барои 10 рӯз, ҳамчунин гуфтугӯҳои номаҳдуди дохили шабакавии «МегаФон», 15 дақиқа гуфтугӯ бо дигар операторони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 150 Мб интернет-трафикро низ ҳамроҳ дорад. Пайваст шудан ба ин бастаи хидматрасонӣ ба таври мустақилона, бо чидани ин рамз ва рақамҳо имкон дорад: *191*8#

 Бастаи «Всё включено XXS» барои онҳое, ки интернети мобилиро истифода намекунанд, вале мехоҳанд дар тамоси пайваста бо наздиконашон бошанд, мувофиқ аст. Бар ивази 5 сомонӣ муштарӣ ҳаққи гуфтугӯи номаҳдуд дар дохили шабака ва 15 дақиқа ҳаққи гуфтугӯи бепул бо шабакаҳои дигарро пайдо мекунад. Рамзи пайвастшавӣ: *191*9#

«Таруфаҳои нав имкони хидматрасониҳои зиёдеро бар ивази пардохти давра ба давра фароҳам мекунанд. Ин натанҳо аз ин нуқтаи назар ки падохтҳо қисм ба қисм анҷом мегирад, муфид аст, балки ҳамчунин барои истифодабарандагони интернет ҳам судовар аст. Бастаи ба андозаи XS100 Мб трафики мобилиро бар ивази 15,29 сомонӣ дар бар мегирад. Аммо агар XS+ интихоб намоӣ ва дар тули моҳ се бор ба он пайваст шавӣ, тақрибан бо ҳамон маблағ метавон 450 Мб дарёфт кард. Аммо муҳим ин аст, ҳатто хурдтарин бастаҳо имкони гуфтугӯ дар дохили шабака ва ҳамин тавр бо шабакаҳои дигарро медиҳанд. Ин имкон медиҳад, ки ҳамеша бо наздикони худ дар тамос бошӣ, сарфи назар аз он ки онҳо муштариёни «МегаФон» ҳастанд ё на», мегӯяд директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Дмитрий СЕМЁНОВ.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97