Сафири Покистон аз мушкилот мегӯяд

Хабари хуб 26.05.2016 08:24

Ба иттилои хабаргузории «Авасто», Иқбол Тариқ, сафири Покистон дар Тоҷикистон эълом кардааст, ки монеи аслӣ барои имзои тавофуқномаи транзитӣ миёни Исломобод, Душанбе ва Кобул мавзеи давлати Афғонистон аст, ки қасд дорад, Ҳиндро низ дар ин қарордод шарик бисозад.

Иқбол Тариқ таъкид кардааст, ки музоки­рот барои имзои ин тавофуқномаи транзитӣ миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон аз соли 2013 оғоз шуда ва исрори давлати Кобул барои мушорикат додани Ҳинд дар ин тавофуқнома боиси кунд шудани ин гуфтугуҳо шудааст.

Сафири Покистон дар Душанбе бо таъ­кид бар мухолифати кишвараш бо мушори­кати Ҳинд дар ин тавофуқнома афзудааст: Покистон муътақид аст, ки дар марҳалаи нахуст бояд ин созишнома миёни Исломо­бод, Душанбе ва Кобул ба имзо бирасад ва мавзуи пайвастани дигар кишварҳо ба ин қарордод дар марҳилаҳои баъдӣ баррасӣ шавад.

Дари сурати имзои ин тавофуқномаи транзитӣ, Тоҷикис тон метавонад аз қаламрави Афғонистон ба бандарҳои По­кистон дастрасӣ пайдо кунад ва Афғонистон ва Покистон низ аз имконоти транзитии Душанбе барои вуруд ба бозори Осиёи Марказӣ бархурдор шаванд. Мақомоти Тоҷикистон пеш аз ин омода­гии худро барои имзои ҳарчи зудтари ин тавофуқнома эълом кардаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97