“Аловиддини балогардон”

Хабари хуб 19.05.2016 11:49

СБМ-и Тоҷикистон мушкили савдои одамонро аз саҳнаи театр намоиш медиҳад  

Садҳо сокини вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Бадахшон огаҳии худро доир ба хатарҳои савдои одамон дар чаҳорчӯбаи як силсилаи намоишномаҳои театрӣ, ки аз ҷониби ҳунарманди шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев ва гуруҳи ӯ таҳия мешавад, боло мебаранд. Нахустин намоиш аз ин силсила фардо, рӯзи 20-уми май, дар шаҳри Қурғонтеппа баргузор мегардад

Ин силсилаи намоишномаҳои театрӣ дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи USAID оид ба шаъну эътибор ва ҳуқуқҳо баргузор мегарданд. Лоиҳаи мазкурро Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) амалӣ менамояд ва иҷрои он бо мусоидати мардуми Амрико тавассути Оҷонсии ИМА доир ба рушди байнулмилалӣ (USAID) имконпазир гардидааст.

 Силсилаи иборат аз се намоишномаи театрӣ доир ба ҳуқуқи инсон ва мубориза бар зидди савдои одамон бинандагонро бо мушкили савдои одамон шинос карда, доир ба роҳҳои эмин нигаҳ доштани худ ва оилаву дӯстон аз занҷираҳои макри ҷинояткорон маълумот медиҳад.

 Намоишномаҳо мушкилоти мубрами навъҳои ҳозираи савдои одамон ва мубориза бо онро тасвир мекунанд. Ҳарчанд, қиссаҳо комилан маҳсули хаёли ҳунармандон буда, ҳама гуна монандии эҳтимолӣ бо саргузаштҳои воқеъӣ комилан тасодуф аст, онҳо нишон медиҳанд, ки бо даҳҳо қурбонии савдои одамон чӣ рух дода ва бо ҳар нафар чӣ ҳодиса метавонад рух бидиҳад, агар эҳтиёт накунад. Намоишномаҳо, бавижа ҷавонону бонувонро ҳадаф қарор додааст, чун онҳо махсусан ба гирифторӣ ба савдои одамон ва истисмор осебпазиранд, зеро доир ба шароити кору зиндагӣ ва қонунҳо дар кишвари бегона маълумоти кофӣ надоранд, ҳуқуқи худро ба қадри кофӣ намедонанд ва худро аз руи қонун ҳимоя карда наметавонанд.

 Намоишномаҳои театрии қаблӣ, ки СБМ Тоҷикистон созмон дода буд, ба истиқболи гарми ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мардум рӯ ба рӯ гардида, таваҷҷуҳи зиёд ва хоҳишҳои мукаррари идомаи намоишномаҳоро ҷалб карда буд.

Даромад ба намоишномаҳо озод мебошад ва ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ба дидани маҳорати олии ҳунармандон бишитобанд: Рӯзи 20-уми май, соати 14:00, шаҳри Қурғонтеппа, театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97