18 кило бори каҷ тавасути шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз ба манзил нарасид

Хабари хуб 19.05.2016 11:07

Дар пайи як амалиёти муштараки Раёсати Агентии назорати маводи нашаъовари назди Президенти Тоҷикистон (АНМН) ва нируҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Дарвоз як шаҳрванди Афғонистон бо гумони қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст.

Дафтари матбуоти АНМН иттилоъ медиҳад, ки «дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ дар яке аз минтақаҳои зертобеи отряди сарҳадии "Дарвоз" дар шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз аз ҷониби хидматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ ва кормандони Раёсати агентии назорати маводи нашаъовари назди Президенти Тоҷикистон шаҳрванди Афғонистон Абдулбоқӣ валади Ҳоҷӣ, соли таваллудаш 1993, дастгир шуд, ки бо худ тақрибан 18 кг маводи нашъовар дошт.»

Гуфта мешавад, ки аз шахси боздоштшуда 9 кг маводи мухаддири афюн ва 9 кг маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Айни ҳол қочоқчӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ дошта шуда, тафтиши парвандаи ӯ оғоз шудааст.

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97