Намоишгоҳи маҳсулоти Покистон дар Душанбе

Хабари хуб 17.05.2016 18:50

Қарор аст, рӯзи 24 май дар шаҳри Душанбе Покистон намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ, ғизоӣ, таҷҳизоти пизишкӣ, дорусозӣ ва таҷҳизотии худро баргузор кунад.

Дар ин бора сомонаи утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон хабар нашр кардааст. Дар ин хабар омадааст, дар ин намоишгоҳи дурӯза 50 ширкати покистонӣ маҳсулоти худро дар маърази тамошо қарор хоҳад дод. Ба ҳамин муносибат мақомоти утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон аз ифтитоҳи Маркази тиҷории Покистон дар шаҳри Душанбе хабар додаанд.

Ҳамчунин дар чорчӯби ин намоишгоҳ нишасти муштараки тоҷирон ва бозаргонону фаъолони бахши хусусии ду кишвар бо ҳадафи баррасии роҳҳои густариши равобити иқтисодию тиҷории Покистону Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Таъсиси ширкатҳои муштараки тавлидӣ, ҷалби сармояи бахши хусусии Покистон барои тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон, ташкили ҷойи корӣ ва афзоиши мубодилоти тиҷорӣ, роҳандозии корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва сохти коргоҳи тавлиди хӯроки парандагон меҳвари нишасти муштараки тоҷирон ва бозаргонони Тоҷикистону Покистон хоҳад буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97