Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

350 донишҷӯ аз донишгоҳи Кӯлоб ихроҷ шуд

Хабари муҳим 11.06.2009 15:39

Каримҷон Қодирӣ, раиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, дар як нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфтааст, ки 350 донишҷӯро аз донишгоҳи зери назараш ихроҷ кардааст. Ба гуфтаи раиси донишгоҳ, собит шудааст, ки бархе аз ин донишҷӯён на танҳо дар дарсҳо ҳузур надоштаанд, балки берун аз кишвар ба сар мебаранд.

Ба гуфтаи масъулони ин донишгоҳ, дар муддати соли хониши 2008-2009, 352 донишҷӯро ба сабаби ҳозир нашудан дар дарсҳо ва насупоридани имтиҳоноти зимистона ва тобистона ихроҷ кардааст ва донишҷӯёне, ки дар ин муддат хориҷ шудаанд, асосан донишҷӯёни соли дувум, севум ва чаҳорум ҳастанд, ки дар донишгоҳ ба таври рӯзона ва ғойибона таҳсил мекардаанд. Инчунин панҷ донишҷӯи соли панҷуми ин донишгоҳ низ, ки аз фаъолияти омӯзгорӣ дар мактаб худдорӣ кардаанд, аз донишгоҳ хориҷ карда шудаанд. Гуфта мешавад, дар ҷараёни бозрасӣ исбот шудааст, ки ин панҷ нафар аз фаъолияти омӯзгорӣ дар мактаб худдорӣ карда ва барои кор ба Русия рафтаанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи фармони Вазорати маориф донишҷӯёни соли панҷум бояд муддати даҳ моҳ ба фаъолияти омӯзгорӣ дар мактаб машғул бошанд ва пас аз супоридани имтиҳоноти давлатӣ метавонанд фориғуттаҳсил шаванд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мегӯянд, ба хотири танзими раванди таълим дар ин муассисаи олӣ ҳузури донишҷӯёни бахши рӯзона ва ғоибона ба ҳангоми супоридани имтиҳонот ва дарсҳо, ки қарор аст то як ҳафтаи дигар оғоз шавад, бо истифода аз шиноснома сурат хоҳад гирифт. Ба ин далел, ин масъулон муътақиданд, ки ҳузури комили донишҷӯёни бахши ғоибона дар дарсҳо кам ба назар мерасад. Бо ин ҳол, масъулони донишгоҳи Кӯлоб мегӯянд, донишҷӯёне, ки аз донишгоҳ хориҷ мешаванд, тибқи муқаррароти қонун ҳақ доранд пас аз як сол дубора барои барқарор шудан дар донишгоҳ дархост диҳанд.

Зимнан, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб соли 1946 таъсис шуда ва он замон ду факулта дошт. Ҳоло ин донишгоҳ дорои нуҳ факулта аст. Тибқи иттилоъи масъулони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, дар ин муассисаи таълимӣ 8,5 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки беш аз се ҳазори нафари онҳо донишҷӯёни бахши ғоибона ҳастанд.

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97