Базми ҷамшедии суғдиён дар Бадахшон

Хабари хуб 04.05.2016 18:18

Дар остонаи таҷлил аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки қарор аст, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор шавад, рӯзҳои фарҳангу ҳунар дар вилоят дар ҷараён аст. Аз 27-ум то 30-юми апрел Рӯзҳои фарҳанги Суғд дар Бадахшон доир гардид.

 Дар ин маросими фарҳангӣ дар Бадахшон беш аз 200 нафар аз фарҳангиёну ҳунармандону адибони вилояти Суғд ширкат варзиданд. Ҳадаф муаррифии фарҳанги суруду мусиқӣ, адабиёт ва ҳунарҳои мардумии суғдиён ба бадахшиён арзёбӣ мешавад.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти вилояти Суғд, рӯзҳои фарҳангӣ дар асоси дастуру супоришоти Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба вуқуъ пайваста, ҳадафи он устувортар гардонидани муносибатҳои дӯстии сокинони кишвар, таҳкими ваҳдату ҳамдилии минтақаҳои гуногун ва шиносоӣ бо фарҳангу маданияти ғании аҷдодӣ мебошад.

Корвони ҳунарии суғдиёнро бадахшониён дар мавзеи ноҳияи Яхчисори ноҳияи Дарвоз, ки онро дарвозаи Бадахшон ном мебаранд, истиқбол карданд.

Маросимҳои фарҳангию адабӣ дар минтақаҳои мухталифи Бадахшон, аз ҷумла Дарвозу Рӯшон, Шуғнон ва маркази вилоят шаҳри Хоруғ доир гардид. Дар доираи ҳамоиши бузурги фарҳангӣ аз ҷониби суғдиён барои мардуми ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон ва Шуғнон асарҳои саҳнавии тарбиявию ҳаҷвӣ, маҳфили адабию мусиқӣ бо иштироки шоиру нависандагони шинохтаи ҳавзаии адабии Суғд, саноеъи дастӣ, ба мисли зардӯзию кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ ва ташкили фуруши маҳсулоти дастии ҳунармандон аз қабили корду шона, тоқию сӯзанӣ, атласу адрас, намоиши либосҳои миллӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шуда, ҳунармандони ҳар ду вилоят дар боғҳои фарҳангӣ ва толорҳои фароғатӣ консертҳои муштарак барпо карданд.

Дар ноҳияи Рӯшон баробари дигар маҳфилҳои фарҳангӣ суғдиён аз хонаи бадахшонӣ, ки хусусиятҳои ба худ хос ва таърихи бостонӣ дорад, дидан карда, бо маданияти хонадории бадахшониён аз наздик ошно шуданд.

Дар Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Бадахшон раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар хонадони собиқадорони меҳнат, ки барои бунёди Бадахшон умри хешро зоеъ кардаанд, меҳмон шуд. Дар толори чойхонаи миллии шаҳри Хоруғ ҳамоиши муштараки адибони шинохтаи ҳарду вилоят ба вуқуъ пайваста, иштирокдорони маҳфил аз чакидаҳои хомаи суханварон баҳравар гардиданд. Аз номи Раиси вилояти Суғд ба китобхонаи оммавии шаҳри Хоруғ, муассисаҳои фарҳангу маориф ва шахсиятҳои маъруфи Бадахшон девонҳои бузурги Хоҷа Камолу Туғрал ва Фарзона тақдим шуд.

Абдураҳмон Қодирӣ ва гуруҳи меҳмонон дар маросими муаррифии оши палави хуҷандӣ ширкат варзиданд.

Дар намоишгоҳи ҳунар, ки ба муносибати Рӯзҳои фарҳангӣ таъсис ёфт, либосҳои миллии сокинони Суғду Бадахшон, саноеъи дастии устоҳои маҳаллӣ, корхонаҳои саноатӣ, хӯрокҳои миллӣ ва урфу анъанаҳои мардумии ҳарду вилоят аз қабили композитсияи «Арӯси хуҷандӣ ва зарафшонӣ» ба маърази тамошо гузошта шуд.

Баъди нисфирузӣ сокинони шаҳри Хоруғ ва меҳмонони он шоҳиди барномаи бузурги фарҳангию адабӣ ва мусиқии аҳли ҳунари вилояти Суғд шуданд.

Суғдиён ҳамчунин дар доираи Рӯзҳои фарҳангӣ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва шифобахши ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон, Шуғнону Ишкошим дидан карданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97