Нақшаи даъвати баҳорӣ беш аз 60 дарсад иҷро шудааст

Хабари хуб 28.04.2016 06:39

Нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 62% иҷро гардид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати мудофиа.

Ба хидмати ҳарбӣ шаҳрвандони сини аз 18 то 27-сола, ки ҳуқуқи аз хидмат озод шуданро надоранд, даъват мешаванд. Ҳамасола маъракаи даъвати баҳорӣ аз 1-уми апрел шуруъ шуда, то 31-май давом мекунад.

Бино ба иттилои сухангӯи Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадализода, "то имрӯз дар ВМКБ75%, вилояти Хатлон72%, вилояти Суғд61%, навоҳии тобеи марказ57% ва шаҳри Душанбе38%-и нақша иҷро шуда, дар умум ҳаҷми иҷрои нақша дар қаламрави ҷумҳурӣ 62%-ро ташкил медиҳад".

Зимнан,, ки ҳар сол ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар наздики 15-16 ҳазор ҷавон даъват мешаванд. Дар қаламрави ҷумҳурӣ теъдоди 600 ҳазор ҷавони синну соли мувофиқ ба хидмати ҳарбӣ ба қайд гирифта шуда, наздики 150 ҳазор нафари онҳо аз хидмат озод ё бо сабаби саломатӣ барои хидмати ҳарбӣ мувофиқ нестанд. Дар баробари ин теъдоди 100 ҳазор шаҳрвандони синну соли ҳарбӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97