«Облава» ҳам ҳасту ҳам нест

Хабари хуб 28.04.2016 06:27

«Облава» нест, аммо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи ҷасади ҷавони сокини шаҳри Роғун ҳастанд, ки гуфта мешавад, ҳангоми фирор аз дасти "гурӯҳи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ" (облава) дар рӯди Вахш ғарқ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории "Азия плюс", ахиран дар шаҳри Роғун Қиёмиддин Шаифов, ҷавони 19 сола бо ҳадафи фирор аз дасти "облава", худро ба рӯди Вахш андохтааст.

То замони интишори ин хабар ҳанӯз ҷасади вай пайдо нашудааст ва ҷустуҷӯ идома дорад.

Дар соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми камиссариатҳои ҳарбии кишвар дастур дод, ки аз равиши ҷазби иҷбории ҷавонон ба артиш даст бикашанд, аммо кормандони ин ниҳод бо нодида гирифтани ин дастур, ҳамчунон ба боздошт ва эъзоми маҷбурии ҷавонони воҷиди шароити хидмат дар нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон идома медиҳанд.

Коршиносон иллати фирори ҷавонон аз хидмат дар нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро набуди шароити муносиби маънавӣ ва ахлоқӣ, зарбу шатми сарбозони тозаворид дар воҳидҳои низомӣ медонанд.

Дар солҳои ахир ин омил боиси маълулият, марг ва фирори чанд сарбоз дар нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шуда ва заминаи фирори ҷавонони воҷиди шароити хидмати ҳарбиро аз кишвар ба Русия фароҳам кардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97