Ҷопон мактабҳои деҳоти Хатлонро бозсозӣ мекунад

Хабари хуб 28.04.2016 06:26

Дар ду деҳаи ба номи Саъдии Шерозии ноҳияи Вахш сохтмони МТМУ №29 ва «Сомонобод»-и ноҳияи Бохтар бунёди МТМУ №8 ба анҷом расидааст.

Бино ба иттилои матбуоти Хатлон, ин мактабҳо дар доираи лоиҳаи кумакҳои билоивази Ҷопон бо сарфи беш аз 200 ҳазор доллари ИМА сохта шудаанд.

Кишвари Ҷопон ҳамчунин дар чаҳорчӯби тарҳи мазкур ба шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус таҷҳизоти муосири амалиётӣ бо арзиши ҳудуди 88 ҳазор доллари амрикоӣ инъом кардааст.

Аз ҷониби барномаи зикршуда ба хотири беҳсозии сатҳи хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба дармонгоҳи минтақавии №1-и Ҷамоати деҳоти «Наврӯз»-и ноҳияи Носири Хусрав низ дастгоҳҳои замонавии тиббӣ, бо арзиши умумии беш аз 100 ҳазор доллар тақдим шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97