Раиси вилояти Суғд ба Спитамен рафт

Хабари хуб 28.04.2016 06:22
  • Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафар ба ноҳияи Спитамен бо рафти сохтмони муассисаи таълимӣ ошно шудааст.

    Мактаби хусусии дуошёна аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анвар Ишонқулов барои 200 нафар дар як баст бунёд шудааст. Раиси вилоят ба масъулини соҳаи маориф ва ин соҳибкор тавсия додааст, то фаъолияти мактабро бо усули инноватсионӣ ба роҳ монанд ва ба он беҳтарин толибилмону омӯзгоронро ҷалб намоянд.

    Раиси ин вилоят дар ин сафар ҳамзамон бо фаъолияти кишоварзии ҶСШК «Нексигол» ошно шудааст. Дар ноҳияи Спитамен ҶСШК «Нексигол» гармхонаи таҷрибавию тадқиқотиро ташкил кардааст. Гармхонаи мазкур аз соли 2010 инҷониб амал карда, ба омӯзиши навъҳои гуногуни тухмии помидору бодиринг ва парвариши он машғул аст. «Нексигол» бо хоҷагиҳои деҳқонӣ низ ҳамкори дошта, бо тухмиҳои хушсифат ононро таъмин карда ва машваратҳои омӯзишӣ низ мегузаронад.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97