Боздошти як масъули калидии толибон дар вилояти Кундуз

Хабари хуб 25.04.2016 17:03

Ниҳодҳои амнияти милли Афғонистон аз боздошти масъули низомии толибон дар вилояти Кундуз хабар дода ва гуфтааст, ки "қорӣ Салим" нимаҳои шаби гузашта дар вулусволии Хонободи ин вилоят дастгир шудааст.

 Дар хабарномаи ниҳодҳои амнияти миллии Афғонистон омадааст, ки ин фармондеҳи аршади толибон дар шимоли ин кишвар бо 4 тан аз афродаш соати 2 бомдод ва дар пайи амалиёти вежаи ин нируҳо боздошт шудааст.

Қорӣ Салим ҳоло муттаҳам бар он аст, ки ҷодаи Хонобод – Кундузро бо истифода аз контейнер ва дарахт барои соъоте масдуд кардааст.

 Қорӣ Салим масъули низомии толибон дар Кундуз аст, ки нақши калидӣ дар суқути Кундуз дар соли гузашта доштааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97