Абдулҳамид Самад: Иштибоҳи гузаштаро такрор накунед!

Хабари хуб 22.04.2016 12:50

Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар мусоҳибае бо хабаргузории давлатии «Ховар» гуфтааст: «Ба такрори он каҷравӣ, саҳву хаттоҳое, ки аз бобоёну падарон гузашт ва боиси харобии кишвар, бадномӣ ва сарсонии мардум шуд, роҳ надиҳанд.»

Ӯ афзудааст: «Дар оянда ҳифзи Ватан, суннат ва арзишҳои миллӣ, озодиву дастовардҳои он, сулҳу ваҳдат дар кишвар, ки дар ҷаҳон чун падидаи камназири омӯзанда пазируфта шудааст, бар дӯши ҷавонҳост. Онҳо, пеш аз ҳама бояд чун фарзанди фарзонаи диёр зираку ҳушёр бошанд, аз роҳи манфиати давлату миллати хеш заррае берун қадам нагузоранд. Бо омӯзиш ва саводу дониш ақлу заковат ва ботини худро ғанӣ созанд.»

Абдулҳамид Самад бо изҳори нигаронӣ аз вазъи ноороми дунё мегӯяд, «имрӯз бар асари поймол кардани ниҳоли ваҳдат ва сабзондани хори кудурату душманӣ басо мамлакату шаҳрҳои обод, ёдгориҳои бемисли қадима, ки нишони ҳунар ва ақлу заковати башарият маҳсуб мешуданд, дар коми оташи силоҳҳои даҳшатангези муосир сӯхтанду ба хокистар табдил ёфтанд. Яъне ақлу заковат ва ҳунар бунёд кард, осори ҳайратовар офарид, ҷаҳолату бадхоҳӣ шикасту сӯхту хун рехт…"

Аммо ба таъкиди ин нависандаи тоҷик, «рисолати инсонӣ ин; бо сулҳу сафо, озоду сарфароз, касе ва чизеро озор надода, одамвор зистан аст. Агар мушаххас бигӯем, ваҳдат барои зиндаву тобанда то ҷовидон нигоҳ доштани инсону табиат, ширину гуворо зистани ҳар як хонадон, пойдории истиқлоли давлату ҳастии миллат чун нафас ва обу ҳаво зарур аст.»

Дар поёни ин мусоҳиба нависанда мегӯяд: «боз ба такрори он каҷравӣ, саҳву хаттоҳое, ки аз бобоёну падарон гузашт ва боиси харобии кишвар, бадномӣ ва сарсонии мардум шуд, набояд роҳ дод».

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97