«Чодари хаёл" дар Душанбе хайма зад

Хабари хуб 21.04.2016 06:48

Маросими расмии кушодашавиии панҷумин Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтаки “Чодари хаёл” рӯзи 16-уми апрели соли 2016 дар шаҳри Душанбе оғоз ёфта, то 22 апрели соли 2016 дар пойтахт ҷараён хоҳад дошт.

Дар ин фестивал намоян­дагони театрҳои Федератси­яи Русия (ду театри лӯхтак: Театри давлатии лӯхтаки «Сказ»-и шаҳри Новокуз­нетск, Муассисаи мунитси­палии мухтори Театри дав­латии ҳунарпеша ва лӯхтаки «Петрушка»-и шаҳри Сургут), Ҷумҳурии Беларус (Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Го­мел), Ҷумҳурии Қирғизистон (Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бишкек), Ҷумҳурии Туркманистон (Театри давла­тии лӯхтаки шаҳри Ашқобод), Ҷумҳурии Тоҷикистон (ду теа­три лӯхтак: Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе, Теа­три давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ва як театр-студияи «Лӯхтак»-и назди Театри вилояти и мазҳакаи мусиқиии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтепаи вилояти Хатлон) ширкат меварзанд.

Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстони вилояти Суғд намоиши лӯхтакии «Зодрӯзи Рӯбоҳаки содаяк” (муаллиф А. Абдуҷабборов, таҳиягар Н.Ахмедова), Театри давла­тии лӯхтаки шаҳри Душан­бе намоиши “Маликаи шӯх” (муаллиф Ҳотам Салимов, таҳияи З. Ҷаводов), намоиши «Кист гунаҳкор?»(муаллиф Л.Кожевников, таҳияи И. Са­фаров), намоиши “Нури оф­тоб” (муаллиф А. Попеску, таҳиягар З. Ҷаводов), Театрстудияи “Лӯхтак”-и назди Театри вилоятии мусиқию мазҳакавии баноми А . Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хат­лони Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши “Бе ранҷ наёбӣ ганҷ” (муаллиф ва таҳиягар Х.Давлатов), Театри давлатии лӯхтаки «Сказ»-и шаҳри Ново­кузнетск намоиши “Саргузаш­ти Пётр Иванович Уксусов” (мазҳакаи халқӣ, таҳиягар Г.Самойлов), Муассисаи му­нитсипалии мухтори Теа­три давлатии ҳунарпеша ва лӯхтаки «Петрушка»-и шаҳри Сургути Федератсияи Русия намоиши “Теремок” (муал­лиф С. Маршак, таҳиягар Г. Коптева), Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон на­моиши “Бузичаи бибиҷон” (муаллиф А.Қурбондурдиев, таҳиягар И. Дурдиев), Театри давлатии лӯхтаки ба номи М. Ҷонғозиеви шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон на­моиши “Салом” (муаллифон Р. Алдонина ва М. Бартенов, таҳиягар Б. Ходирев), Теа­три давлатии лӯхтаки шаҳри Гомели Ҷумҳури Беларус намоиши “Рӯбоҳ ва Хирс” (му­аллиф М. Супонин, таҳиягар Г. Голдман) пешкаши тамошо­чиёни сершумори Ҷумҳурии Тоҷикистон менамоянд. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97