Тоҷикистон дар рӯйхати “Озодии матбуот-2016” боз ақиб рафт

Хабари хуб 21.04.2016 06:29

Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» Шохиси озодии матбуотро дар соли 2016 нашр кардааст, ки Тоҷикистонро миёни 180 давлати дунё дар ҷои 150-ум қарор додааст. Яъне Тоҷикистон дар як сол 34 зина поин фаромадааст.

Ин дар ҳолсет, ки Тоҷикистон дар Шохиси озоди матбуот дар соли 2015 мақоми 116, соли 2014-ҷои 115 ва солҳои 2011-2012 ҷойи 123-юмро ишғол мекард.

Тибқи раддабандии ҷадид Финландия дар ҷиҳати таъмини озодии баён дар раддаи аввал қарор дорад. Ба даҳгонаи кишварҳои пешсаф инчунин Нидерландия, Норвегия, Дания, Зеландияи нав, Коста Рика, Швейтсария, Шветсия, Ирландия ва Ямайка ворид шудаанд.

Олмон дар зинаи 16, Канада -18, Британияи Кабир-38, ИМА дар зинаи 41 ҷойгир шудаанд.

Аз кишварҳои собиқ ИҶШС Эстония дар зинаи 14, Латвия – 24, Литва –35, Гурҷистон 64, Арманистон – 74, Украина – 107, Русия-148, Тоҷикистон – 150, Беларусия – 157, Қазоқистон– 160 ва Озарбойҷон дар ҷойи 163-юм қарор дода шудаанд.

Дар ин гузориш дар миёни кишварҳои бадтарин аз назари озодии матбуот Чин, Сурия, Туркманистон, Кореяи Шимолӣ ва Эритрея қарор гирифтаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97