Таъкиди раиси порлумон бар зарурати ҳамгароии авруосиёӣ

Хабари хуб 21.04.2016 06:22

Сомонаи Lenta.ru хабар додааст, ки Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 19 апрел дар нишасти раҳбарони порлумони кишварҳои минтақаи Авруосиё дар Маскав гуфтааст: Дар шароити ҳассоси сиёсии кунунӣ, ҳамкории наздик ва ҳамгароии бештари кишварҳои ин минтақа барои эҷоди ҷаҳони чандқутбӣ ва рушд ва пешрафти минтақа зарурӣ аст.

Ӯ афзудааст, ки «ин метавонад дар оянда дар қолаби Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳодияи Аврупо тарҳҳои муштараки рушди минтақаиро дар пай дошта бошад».

Ба гуфтаи раиси Маҷлиси намояндагони кишвар дар сурати тамоюли ҷиддии кишварҳои минтақа заминаи ҳамкорӣ дар бахшҳои энержӣ, нафту газ, ҳамлу нақл ва иқтисоду тиҷорат вуҷуд дорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97