Дархости «ҳабси абад» барои гумонбари аслии ҳамла ба кормандони "военкомат"

Хабари хуб 19.04.2016 10:23

Бахтиёр Маҳмудзода, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон, аз додгоҳ барои Умедҷони Амрохон, гумонбари аслӣ дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино дархости ҳабси абад кардааст.

 

Савлатбӣ Раҳматова, модари ин гумонбар ба «Озодӣ» хабар дода ва гуфтааст, ки мурофиаи ниҳоии писараш ба зудӣ дар додгоҳи пойтахт баргузор хоҳад шуд.

Ба иттилоъи ин манбаъ, айбдоркунандаи давлатӣ барои ҳамроҳони писараш бародарон Наврӯзҷон ва Одилҷон Мирзоевҳо 5-солӣ ва Ҷумъахони Давлатшоҳ, Шоҳинҷон Сафаров ва Шарифҷон Раҳматов 2-солии зиндон талаб кардааст.

Мурофиаи шаш гумонбар дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи сино баъд аз як муддати мутаваққиф шудан, аз сар гирифта шудааст. Додгоҳи шаҳри Душанбе дар пайи даъвои ин шаш нафар, ки иддаъо доштанд аз сӯи маъмурони пулис шиканҷа шудаанд, парвандаи онҳоро барои баррасии дубора ба Додситонии кулл бозпас фиристода буд.

Маврид ба зикр аст, ки субҳи 7 ноябри соли гузашта дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсии пойтахт чанд нафар бо кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пӯлод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи ҳамин комиссариат Рустам Саъдуллоев вориди муноқиша шуда, онҳоро бо корд зада ва аз маҳалли ҳодиса фирор карданд. Дар пайи ин ҳодиса Пӯлод Мирзоев ва Ҳамза Насибов бар асари захмҳои бардошта ҷон доданд ва Темурхон Эгамбердиев ва Рустам Саъдуллоев бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд.

Рӯзи 17 феврал дар Додгоҳи шаҳри Душанбе муҳокимаи гумонбарон дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт оғоз шуд. Ин парванда аз се ҷилд иборат буда, додраси парванда Тоҳир Мӯсобекзода ва айбдоркунанда аз Додситонии кулл Бахтиёр Маҳмудзода мебошанд.

Муттаҳами аслӣ Умедҷони Амрохон, сокини шаҳри Кӯлоб, бо қисми дуи моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "куштани ду шахс ва бештар аз он" ва моддаи 32, қисми 3 ва "куштани шахс ё наздикони ӯ вобаста ба фаъолияти хидматӣ", гунаҳкор дониста мешавад.

Бархе аз гумонбарон мисли Наврӯзҷон Мирзоев ва Одилҷон Мирзоев дар ҳамла ба кормандони комиссариат даст надошта, балки “барои огоҳ будан ва ба мақомот хабар надодан” дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Аммо ба таври расмӣ, дар бораи ин ки чаро миёни ин гумонбарони боздоштшуда ва кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино муноқиша сар задаст, иттилоъ дода нашудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97