Генерали амрикоӣ аз Тоҷикистону Узбакистон кай боздид кард?

Хабари хуб 19.04.2016 08:14

Генерал-майор Дарси Д. Роҷерс, фармондеҳи нируҳои таъиноти махсуси ситоди марказии фармондеҳии артиши Амрико дар пайи сафари хеш ба Осиёи Марказӣ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистону Узбакистон мулоқот кардааст.

Бино ба иттилои сафорати Амрико дар Душанбе, генерал Роҷерс бо Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Душанбе ва мақомоти дипломатии амрикоӣ дар Тошканд “масъалаи ҳамкориҳои давомдори низомӣ байни Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳамкории Қӯшунҳои таъиноти махсусии Фармондеҳии марказиро бо қувваҳои махсуси Тоҷикистону Узбакистон матраҳ кардааст”.

Бино ба иттилои ин манбаъ, фармондеҳ Дарси Д. Роҷерс “ҳамчунин бо мақомдорони аршади низомии ин ду кишвар мулоқот карда, аҳамияти идомаи ҳамкориҳо ва кумаки Қӯшунҳои таъиноти махсусии Фармондеҳии марказиро барои таъмини сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ қайд намуд.”

Дар бораи кай анҷом ёфтани ин сафар иттилоъ дода нашудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97