Соҳибкорони Русия барои омӯзиши соҳаи нассоҷӣ ва хаётӣ ба Тоҷикистон меоянд

Хабари хуб 18.04.2016 12:36

Гуруҳе аз соҳибкорон ва мутахассисони соҳаи саноати сабуки Русия рўзњои 18-ум то 23-уми апрел бо ҳадафи шиносоӣ бо корхонаҳои нассоҷиву хаётии кишвар ва баррасии масоили ҳамкорӣ аз Тоҷикистон боздид мекунанд.

Сафари мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ва дар ҳамкорӣ бо ширкати таҳиякунандаи намоишгоҳҳо - “Текстилэкспо” ва оҷонси хабарии “РИА Мода” баргузор мегардад. Лоиҳаи МТБ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Ба ҳайъати мазкур шомиланд: Соҳибони корхонаҳо, ки ба хариди риштаи пахтагин, матоъи трикотажӣ ва маҳсулоти дигари нассоҷиву дӯзандагӣ таваҷҷуҳ доранд, намояндагони ширкатҳои хариди яклӯхт ва шабакаҳои тиҷоратӣ, ки ба аутсорсинги истеҳсолотӣ алоқаманданд, намояндагони ширкатҳои фурӯши таҷҳизоти нассоҷӣ, ва намояндагони ширкати “Текстилэкспо” ва оҷонси хабарии “РИА Мода”.

Барномаи сафар аз Хуҷанд шурӯъ шуда, он ҷо ҳайъати Русия бо корхонаҳои «Нассоҷи Хуҷанд», «Ортекс», «Раҳимов А.А.», «Лидер», «РБТ Тоҷикистон» ва «Фирӯз» ошно мешавад. Меҳмонон, ҳамчунин, дар Истаравшан аз «Ноҳид», дар Мастчоҳ аз «Олим Текстайл», дар Ёвон аз «ХИМА-Текстил» ва «Ваҳдат», ва дар шаҳри Душанбе аз «Нафиса», «Гулистон», «Ёқут-2000» дидан карда, бо рафти истеҳсолот ва шароити корӣ дар корхонаҳо шинос мешаванд. Ҳамчунин, мулоқот бо намояндагони Вазоратҳои марбута ва Ҳукумати вилояти Суғд, дар назар буда, рӯзи 22-юми апрел вохӯрии васеъи кории намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

 

Сафари кории мазкур бо назардошти алоқамандии бузурги соҳибкорони Русия ба истеҳсолкунандагони Тоҷикистон, ки дар Ҳамоиши тиҷоратии Русия – Тоҷикистон/Қирғизистон дар шаҳри Маскав аз 16-уми феврали соли ҷорӣ нишон дода шуд, баргузор мегардад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97