Ирон мизбони ҳамоиши ҷарроҳони мағзу аъсоби ҷаҳон

Хабари хуб 18.04.2016 09:55

Панҷумин ҳамоиши илмӣ-тахассусии ҷарроҳони мағзу аъсоби ҷаҳон дирӯз, 17 апрели соли 2016 бо ҳузури беш аз ҳазору 700 мутахассиси мағзу аъсоб беш аз 90 кишвари ҷаҳон дар "Бурҷи милод"-и Теҳрон оғоз ёфт.

Бино ба иттилои хабаргузории ИРНО, ин ҳамоиши бузурги илмӣ то 22 апрел дар Теҳрон идома меёбад.

Дар ин ҳамоиши илмӣ ҳудуди 700 мутахассис ва ҷароҳи хориҷӣ ва беш аз ҳазор пизишки иронӣ дар риштаҳои мағзу аъсоб, осебшиносӣ, улуми аъсоб, равонпизишкӣ ва равоншиносӣҷарроҳии тармимӣ ва пизишкии ҳастаӣ, физиотеропӣ ва тавонбахшиву ортопедӣ, гӯшу гулӯву бинӣ ва сару гардан ширкат кардаад.

Дар ин ҳамоиши байналмилалии тахассусӣ 600 мақолаи илмӣ ва постер аз сӯйи пизишкони иронӣ ва хориҷӣ ироа шудааст.

Дар бораи ширкати пизишкони тоҷик да ин ҳамоиши байналмилалии илмb хабаре дар дастрас нест.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97