Тамрини "Ҷустуҷӯ - 2016" дар Тоҷикистон

Хабари хуб 18.04.2016 09:54

Николай Бордюжа , дабири кулли Созмони паймони амнияти дастиҷамъӣ (СПАД) шоми 17 апрел вориди Душанбе шудааст.

Гуфта мешавад, ки Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ дар тамрини муштараки ниҳодҳои иктишофии нируҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД бо номи "Ҷустуҷӯ-2016" иштирок хоҳад кард.

Николай Бордюжа то 20 апрел дар ватани мо меҳмон хоҳад буд. Ширкат дар маросими оғози тамринҳои муштараки ниҳодҳои иктишофии нируҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД - "Ҷустуҷӯ-2016" ҷузъе аз барномаи сафари вай ба кишвари мо мебошад. Тамрин дар барномаи "Ҷустуҷӯ - 2016"аз 18 то 22 апрел дар маркази омӯзишии “Мағоб”-и нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва дар тамрингоҳи “Лоҳур”-и пойгоҳи низомии 201-уми Русия гузаронида мешавад.

Дар ин тамрин тақрибан 1500 сарбози ниҳодҳои раҳбарикунанда ва ҷузъу томҳои иктишофии артишӣ, махсус, радиоэлектронӣ, ҳавоӣ ва намудҳои дигари воҳидҳои иктишофии нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ширкат мекунанд.

 

Ин тамрин бо мақсади беҳбуди низоми ҷамъоварӣ, таҳлил ва коркарди иттилои иктишофии артишҳои кишварҳои узви СПАД анҷом дода мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97