Сир фош мешавад: Шумхабар барои соҳибони ширкатҳои оффшорӣ

Хабари хуб 17.04.2016 08:43

Рӯзи ҷумъаи равонро, ки мусалмонон чун ҳамеша рӯзи муборак медонанд, барои соҳибони ширкатҳои оффшорӣ чандон муборак набуд. Дар ин рӯз дар Вашингтон вазирони молияи кишварҳои “Гурӯҳи 20” (G-20) аз тадбирҳоеро барои танзими низоми оффшорӣҷонибдорӣ карданд.

 

Ҳадаф аз ин тадбирҳо пешгирӣ аз шустушӯи пул ва нинҳон доштани маблағҳо аз пардохти молиёт арзёбӣ шудааст.

Дар баёнияи расмӣ, ки пас аз мулоқот нашр шуд, аз пешниҳоде ҷонибдорӣ шудааст, ки дар оянда номи соҳибони воқеии ширкатҳои оффшорӣ ифшо хоҳад шуд.

Вазирони молияи «G-20» ҳамчунин пешниҳод карданд, то феҳристи кишварҳое таҳия шавад, ки паноҳгоҳи байналмиллалӣ дониста мешаванд ва ҳукуматҳои он аз доду гирифти маълумот дар бораи ширкатҳои оффшорӣ саркашӣ мекунанд.

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки ифшо сохтани номи ширкатҳои оффшорӣ барои дифоъ аз низоми молии байналмилалӣ хеле зарурист. Иҷрои чунин табдирҳо дар мубориза бо ришвахориву пулшӯӣ ва пешгирӣ аз сармоягузории фаъолиятҳои гурӯҳҳои террористӣ кумак мекунад.

 Мунтазири фош шудани сир мемонем, то бубинем, ки ин пулдорони офшор чӣ гулеро об медодаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97