Оё қотилони Осимӣ ошкор хоҳанд шуд?

Хабари хуб 16.04.2016 20:32

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, барои таҳқиқоти илмии хеш дар заминаи корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҷоизаи ба номи Муҳаммад Оси­мии Академияи илмҳоро дарёфт кард. Ин ҷоиза ба Раҳимзода 12 апрел, дар Рӯзи илм, супурда шуд.

Рамазон Раҳимзода, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва муал­лифи бештар аз 100 китоб ва рисолаҳои илмӣ мебошад.

Инчунин, дар ин рӯз вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба узвияти Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастҷамъӣ пазируфта шуд.

Рамазон Раҳимзода дар су­ханронии худ дар Академияи илмҳо гуфт, замоне ба таҳқиқи мавзӯи корҳои фаврӣ- ҷус туҷӯӣ шуру ъ карда буд, ки дар кишвар ҳанӯз даргириҳо идома доштанд ва барои ошкор кардани ҷиноятҳо маводи таъли­мии камтар вуҷуд дошт. ӯ афзуд, талош кардааст, ки маводи дарсӣ ва китобҳо дар ин бахс пешниход шуда, қонунҳо низ ислоҳ шаванд.

Вай афзудааст: “Рӯзе нест, ки як ҷинояткор, як террористу экс­тремист дастгир нашавад. Барои ҳамаи ин корҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ кумак мекунад.”

Муҳаммад Осимӣ аз дониш­мандони аршади Тоҷикистон буд, ки дар солҳои 1990 дар пойтахт кушта шуд ва то ҳанӯз омилони марги ӯ шиносоӣ на­шудаанд. Аз ин рӯ корбарони сафҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳошияи хушхабари эътои ҷоизаи Осимӣ ба вазири кунунии дохилаи Тоҷикистон умедворӣ карда­анд, ки шояд бо ташаббуси ва­зири муҳтарами умури дохилӣ таҳқиқи асрори қатли Осимӣ аз сар гирифта ва ошкор низ бишавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97