СММ дар миёни тоҷикону қирғизҳо танишзудоӣ мекунад

Хабари хуб 24.02.2016 07:11

Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе бо ҳадафи танишзудоӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон аз оғози иҷроӣ шудани тарҳе хабар дод, ки барои барқарории эътимод ва амният дар марзҳои муштараки ин ду кишвар кумак хоҳад кард.

Александр Зуев, масъули барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон зимни муаррифии ин тарњ дар њузури хабарнигорон гуфт, барои иҷрои тарҳи танишзудоӣ дар марзи тоҷик ва қирғиз, маблағи 5 миллион доллар аз ҳисоби кумаки давлати Швейтсария ва Сандуқи сулҳи ин созмон ҳазина хоҳад шуд ва муддати иҷрои ин барнома як солу шаш моҳ хоҳад буд.

Александр Зуев мегўяд, ки дар чорчӯби ин барнома, эътимодсозӣ миёни сокинони шаш рустои марзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаш рустои марзии Қирғизистон дар вилояти Бодканд, кормандони сохторҳои амниятӣ ва интизомӣ, сарони қавмњо ва масъулони идороти давлатӣ дар манотиқи марзии мавриди ихтилофи ду кишвар дар назар аст.

Дар ин барнома, сохти ҳашт тарҳи зербиноӣ аз ҷумла шабакаи об барои истифодаи сокинони манотиқи марзии ин ду кишвар барномарезӣ шудааст, ки аз ташдиди низоъ миёни рустоиён бар сари истифода аз манобеи об ҷилавгирӣ хоҳад кард.

Ҳамчунин ифтитоҳи марказњои омӯзишӣ барои иштиғоли ҷавонон дар ин 12 рустои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва таъмини кор барои онон аз дигар роҳкорҳои пешниҳодӣ дар тарҳи Созмони Милали Муттаҳид аст.

Тоҷикистон ва Қирғизистон дорои ҳудуди 970 километр марзи муштарак ҳастанд, ки пас аз ду даҳа музокира дар бораи тайини марз, танҳо бар сари аломатгузории 520 километр аз хутути марзӣ ба тавофуқ расидаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97