Донишомӯзони тоҷик шарафи Тоҷикистонро ҳифз карданд

Хабари хуб 03.02.2016 07:33

nodirДонишомӯзони тоҷик дар нимаи моҳи январ аз Олимпиадаи байналмилалии Жаутковский, ки миёни беҳтарин донандагони фанҳои физика –риёзӣ аз литсей ва гимназияҳои ҷаҳон барпо шуд, бо дастоварди чашмгире ба ватан баргаштанд.

 

Ин олимпиада рӯзҳои 13-19 январ дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор шуд. Дар ин мусобиқа 58 даста бо шумули 400 донишомӯз аз 18 кишвар ширкат варзиданд.

Аҳаммияти ин мусобиқа аз он ҷиҳат аст, ки он танҳо олимпиадаи дастаӣ дар миёни беҳтарин литсей ва гимназияҳои физика-риёзии ҷаҳон аст ва мураккабии масъалаҳо дар ин олимпиада дар сатҳи масъалаҳои олимпиадаҳои ҷаҳон аз фанҳои риёзӣ, физика ва барномасозӣ қарор дорад.

Боиси хушҳолист, ки чанд сол ба ин сӯ мактабҳои беҳтарини физика-риёзии Тоҷикистон шарафмандона аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд ва аз ҷумлаи яке аз беҳтаринҳо дар минтақаи Осиёи марказӣ ба шумор мераванд, ҳам аз лиҳози ҷойгоҳ (рейтинг), ва ҳам бо ба даст овардани медалҳои мусобиқот.

Дар соли  ҷорӣ 37 нафар донишомӯзони беҳтарин аз якчанд литсейҳои президентӣ, Литсейи кӯдакони болаёқат (собиқ литсейҳои туркӣ –тоҷикӣ) ва литсейи тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва П.В.)

Мактаббачагони тоҷӣк дар маҷмуъ 6 медали нуқра, аз ҷумла 4 медал мансуб ба толибилмони литсеи «Ҳотам ва П.В.» ва 2 медал мансуб ба Литсеи кӯдакони болаёқат.

Ҳамчунин миёни дастаҳо аз Тоҷикистон литсейи Ҳотам ва П.В. холи бештар ва ҷойгоҳи хосеро касб кард   

Нишондодҳои литсейҳо ва гимназияҳои беҳтарини кишварҳои Осиёи марказӣ дар ин олимпиада ба шакли зайл мебошанд:

Беҳтарин литсеи Қазоқистон 293, 56 хол;

Беҳтарин литсеи Тоҷикистон (Литсеи тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва П.В.» ) 223, 92 хол;

Беҳтарин литсеи Туркманистон 200, 57 хол;

Беҳтарин литсеи Узбакистон 92, 86 хол;

Беҳтарин литсеи Қирғизстон 87, 01 хол.

Аз дастаҳои Тоҷикистон инҳо медал ба даст оварданд:

аз риёзӣ – Алишери Анвар, хонандаи Литсеи «Ҳотам ва П.В.»;

аз барномасозӣ – Нодир Даминов ва Фаррух Каримов, хонандагони Литсем «Ҳотам ва П.В.»;

аз физика – Темурҷон Азимҷон, хонандаи Литсеи «Ҳотам ва П.В.», Мурод Мирҷалилов ва Зикруллоҳ Хуҷақулов, хонандагони Литсеи кӯдакони болаёқат.

Маврид ба ёдоварист, ки аз Тоҷикистон дар ин олимпиада ҳеч доваре нест ва аксарияти ширкаткунандагони ин мусобиқоти зеҳнӣ дар мактабҳои давраи омӯзишии 12-13 сола таҳсил мекунанд ва сини мактаббачагони тоҷик аз онҳо камтар аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97