Корхонаи собиқи Фирташро чиниҳо фаъол месозанд

Хабари хуб 31.01.2016 09:52

azotЯгона Корхонаи тавлиди азоти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон пас аз солҳо таваққуфи фаъолият, бо тағйири корбарӣ ва истифода аз зуғол бо кумаки мутахасассини чинӣ аз нав фаъол хоҳад шуд.

Файзиддин Раҳмонов, мудири ин корхона ба расонаҳо гуфтааст, ки ба ин манзур дар ин корхона ширкатҳои чинӣ 150 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳанд кард. Ба таъкиди ў, бо тағйири сухти мавриди ниёзи ин корхона ва истифода аз зуғол ба ҷойи гази Узбакистон, заминаи иштиғол барои 1 ҳазору 500 нафар аз сокинони шаҳри Сарбанд фароҳам хоҳад шуд. Узбакистон аз соли 2009 содироти газ ба Тоҷикистонро қатъ кардааст.

Корхонаи Азоти Хатлон метавонад дар марҳилаи нахуст 150 ҳазор тон азоти мавриди ниёзи бахши кишоварзии Тоҷикистонро таъмин кунад, ки  дар оянда ба зарфияти тавлид афзуда мешавад.

Қаблан 75 дарсад аз саҳҳоми молии корхонаи ёдшуда мутаъаллиқ ба Михаил Фирташ миллиардери украинӣ буд, ки дар соли 2014 Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон тайи ҳукме ин маркази тавлидиро ба нафъи давлат мусодира кард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97