Арзиши орд, равған ва шакар боло рафт

Хабари хуб 18.01.2016 11:18

ord

Арзиши орд, равған ва шакар боло рафт


 

Орд, шакар ва равғану набот дар бозорҳои пойтахт дар се рӯзи ахир 30 то 40 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар ҳоле ки дар пайи коҳиши арзиши сомонӣ ва гарон шудани доллар қимати молҳои асосии рӯз дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст, аз се рӯзи пеш то кунун қимати молҳое монанди орд, шакар ва равғану набот бо ҷаҳиш рӯ ба рӯ шудааст.

Ҷаҳиши қиматҳо дар бозори маводи ғизоии Тоҷикистон мардумро ба харид ва захираи ин навъи молҳо водор кардааст.

Ин дар ҳолест, ки наздик ба 30 дарсад аз шаҳрвандони Тоҷикистон зери хати фақр ба сар мебаранд. Ва ахиран Барномаи ѓизоии СММ гузоришеро нашр кардааст, ки њудуди 3 миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон мушкили камғизоӣ доштаанд.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97