«МегаФон» дастаи КВН-и Тоҷикистонро дастгирӣ кард

Хабари хуб 14.01.2016 17:35

«МегаФон» дастаи КВН-и Тоҷикистонро дастгирӣ кард

 puh

Ширкати «Мегафон» дастаи мунтахаби КВН-и Тоҷикистонро, ки қарор аст дар Ҷашнвораи байналмилалии «КиВиН-2016» дар шаҳри Сочии Русия ширкат кунад, дастгирӣ кард. «Мегафон» ба ҳайси шарики кули тим ин гуруҳро бо тамоси қобили эътимод таъмин мекунад ва имкон фароҳам меоварад, то узви ин дастаи «КВН» ба таври муназзам бо хонавода дар тамос бошанд, ва муваффақиятҳои худро бо дӯстон ва наздикони хеш шарик бисозанд.

 

 

 

Дастаи «Мунтахаби Тоҷикистон» ба XXVII ҷашнвораи «КиВиН-2016» пас аз ширкати бомуваффақонаи даста дар ҳайъати Марказии Москва ва Подмосква даъват шуд. Миёни 172 тими ин ҳайъат мунтахаби кишвари мо натиҷаи назаррас ба даст оварда, соли гузашта то марра расид ва ба шумори 6 дастаи бартар шомил шуд.

Хайрулло Мирсаидов, раҳбари тими КВН-и тоҷик бо изҳори миннатдорӣ аз ин ширкати мухобиротӣ гуфт: «Тими мо мушкилоти зиёде дошт, ки барои бартараф сохтани ин мушкилот ширкати «Мегафон» ба мо дасти ёрӣ дароз кард. Аммо муҳимтар аз ҳама, ин ширкат аъзои дастаи моро бо алоқаи дастрас ва босифат таъмин кард, ки ба ин тариқ бачаҳои даста метавонанд бидуни маҳдудият бо хонавода, дӯстон ва ҳамдигар тамос барқарор кунанд.

Фирдавс Зеваров, мудири раёсати минтақавии ширкати «Мегафон» дар вилояти Суғд дар мавриди дастгирии Дастаи мунтахаби «КВН»-и тоҷик мегӯяд: «Аз таҷрибаи ҳаёт медонем, ки дастгирии тарҳҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ метавонад ҳаёти бисёре аз нафаронро тағйир диҳад ва ба қуллаҳои мурод расидани онҳо кумак намояд. Аз ин лиҳоз, мо хушҳолем, ки барои ширкати дастаи КВН-и Тоҷикистон дар бозиҳои Фестивали байналмилалии КВН «КиВиН-2016» мусоидат мекунем. Барои аъзои даста орзуи муваффақият мекунам ва умедворам, ки мухлисон низ қаноъат ҳосил намоянд».    

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97