Боздошти як марди покистонӣ дар Кундуз бо гумони ҷосусӣ

Хабари хуб 10.10.2015 12:18

      Дар пайи амалиёти поксозии Кундуз аз ҷангҷӯёни Толиб муовини фармондеҳи низомии Кундуз ба расонаҳои Афғонистон гуфт, ки дар миёни кушташудагон чанд ҷенероли покистонӣ низ шиносои шудаанд.

     ТВ «Тулуъ» гузоришеро аз Кундуз нашр кард, ки аз боздошти як фард бо гумони ҷосусӣ ҳикоят мекард. Муовини фармондеҳи низомии Кундуз бо ишора ба марди дастгиршуда гуфт, ки ин мард замоне боздошт шуд, ки пулис аз ӯ суол кард ва фаҳмида шуд, ки ӯ хориҷист, зеро на забони дарӣ ва на паштуро ёд надошт. Ин манбаъ мегӯяд, пас аз таҳқиқ маълум шуд, ки шахси боздоштшуда шаҳрванди Покистон буда ва дар шиносномааш визои сафар ба Афғонистон ва Тоҷикистонро доштааст. Худи гумонбар гуфтааст, ки нияти сафар ба Тоҷикистонро доштааст.

      Ба шавоҳиди мақомоти интизомии Кундуз, марди боздоштшуда аз як даст маҳрум буда, ки ин ба гумони ғолиб аз далели минсоз будани ӯ гувоҳӣ медиҳад.

      Дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дорад, то далели ҳузури ин марди покистонӣ дар Кундузро мушаххас кунад.   

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97