Натиҷагирии «Мегафон» аз тарҳи сартосарии «Интернет барои оянда»

Хабари хуб 13.08.2015 11:36

 

 

 

 MEGA-FONCHIK

 

      10 ноҳия ва 13 ҷамоати вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон - чунин аст ҷуғрофиёи фарогирии тарҳи «Интернет барои оянда», ки онро ширкати «Мегафон» аз моҳи апрели соли ҷорӣ барои баланд бардоштани донишҳои интернетии мардуми Тоҷикистон роҳандозӣ кардааст.

 

Аз рӯзи аввали амалишавии тарҳ зиёда аз 1 500 нафар дар машғулятҳои омӯзишӣ иштирок кардаанд.

 

Ҳангоми омӯзиш сокинони ҷумҳурӣ маълумот дар бораи имкониятҳои нави истифодабарандагон аз технологияи ҷадидро пайдо мекунанд. Онҳо бо патралҳои омӯзиши ройгон шинос шуда, инчунин бо роҳҳои ҳали масъалаҳои маъмурӣ бо истифода аз интернет маълумот дарёфт мекунанд.

 

Маҳз аз бар намудани донишҳои интернетӣ барои сокинони ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон зарур ва саривақтӣ мебошанд, зеро онҳо имкон пайдо мекунанд, ки аз қаламрави ҷои сукунаташон набаромада, хеле аз масъалаҳои доштаашонро ҳалу фасл намоянд. Чуноне, ки дар амал маълум гардид аз ҳама зарур ва муҳим барои шаҳрвандон ин дуруст тартиб додани даъватхат (виза) бо истифода аз интернет барои ҳиҷрат ба хориҷи кишвар, бахусус кишвари Русия мебошад.

 

Муҳим он аст, ки донишҳои заруриро иштирокчиёни тренингҳо бо забони ба онҳо фаҳмо аз бар мекунанд. Гап дар он нест, ки маълумоти аз ҳама мураккаб ва муҳим содда ва фаҳмо пешкаш мешавад. Ба машғулиятҳо наврасон, ҷавонон, солмандон аз ноҳияҳо даъват мешаванд. Дар байни онҳо шахсоне ҳастанд, ки танҳо забони тоҷикиро хуб медонанд. Бо назардошти ин «Мегафон» гурӯҳи мобилии омӯзгоронро сафарбари кор кардааст, ки онҳо дар ташкил ва шиносоӣ, ҳангоми гузаронидани дарсҳои омӯзишӣ, дар як маврид бо ду забон ҳарф мезананд.

 

Сатҳи гузаронидани тренингҳои омӯзиширо ҳамаи иштирокчиён баҳои баланд додаанд, аз он ҷумла раисони ҷамоатҳо.

 

Ман таҷрибаи истифодабарӣ аз захираҳои интернетӣ - донишомӯзиро доштам, вале иштирок дар тренинги кормандони «Мегафон» бароям хотирмон ва шавқовар буд. Онҳо барои истиқоматкунандагони ҷамоатҳо дониши заруриро ҳамчун мутахассисони соҳа ва ба роҳу усули дастрас пешкаш мекунанд. Аз ин ҷост, ки ҳар як иштирокчии семинарҳои омӯзиши хуб медонанд, ки интернет мададгори беминатӣ ҳар як оила аст ва бачаҳо метавонанд бе хароҷоти зиёдатӣ дониш биомӯзанд - зикр кард, раиси ҷамоати Шамтучи ноҳияи Айнӣ Рашид ЁРОВ.

 

Дар рафти тренингҳои омӯзишӣ ҳар як иштирокчӣ имкони онро дорад, ки дониши андухтаашро дар амал бисанҷад. Бахусус, дониши андухтаашро бо ёрии интернети мобилии Мегафон амалӣ месозад.

 

Мебояд гуфт, ки дар бештари ноҳияҳо «Мегафон» ягона шабакаи интернетие мебошад, ки мизоҷон метавонанд ба шабакаи ҷаҳонӣ пайваст шаванд.

 

          – Мо  чунин мешуморем, ки ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон бояд шароити баробари истифода аз технологияи ҷадидро дошта бошанд, бахусус аз интернети мобилиро. Аз ин лиҳоз мо натанҳо шабакаҳои интернетиро ба ҳамаи ноҳияҳои кишвар дастрас мекунем, балки ба қисмати зиёди аҳолӣ маълумот медиҳем, ки интернети мобилӣ чи гуна хидматрасониҳоро пешкаш мекунад ва онҳо бо истифода аз он чӣ суде мебардоранд. Лоиҳаи Интернет барои оянда ин қутбнамост, ки ба мардуми кишвари мо роҳро ба сӯи расидан ба иттилои саривақтӣ дар фазои глобалӣ нишон медиҳад, - мегӯяд директори иҷроияи ширкати Мегафон Денис НИКИТИН.

 

 

 

    

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97