«Мегафон» дар «Боми ҷаҳон»: Технологияи беҳтарин барои мусиқии дилнишин

Хабари хуб 10.08.2015 14:39

                                                          mega

   Мутахассисони ширкати «Мегафон» рӯзи 14 июли соли ҷорӣ корҳои омодагиро барои баргузории ҷашнвораи «Боми ҷаҳон» дар Хоруғ ба анҷом расониданд.

    Ба кор даровардани истгоҳҳои базавии иловагӣ ва таъмиру таҷҳизонидани таҷҳизотҳои қаблан насбшуда ба муштариён имкон дод, ки онҳо дар сурати ба маротиб зиёд шудани истифодабарандагони шабака ҳеч мушкиле дар истифодабарӣ аз хидматрасонӣ надошта бошанд. Ба гуфтаи созмондиҳандагони ин маросим дар ҷашнвораи мусиқии имсола дар шаҳри Хоруғ на камтар аз 15 ҳазор тамошочӣ иштирок доштанд. Барои бисёри онҳо интернети баландшиддат ва алоқаи хушсифат барои ҷой намудани аксҳо ва наворҳои видеоӣ аз ҷараёни фестивал дар шабакаҳои иҷтимоӣ зарур буд. Аз ин рӯ шиддатнокӣ дар шабакаи «Мегафон» якчанд маротиба боло мерафт.

Барои он, ки муштариён бо алоқаи хушсифат дар чунин ҳолатҳо таъмин бошанд, муҳандисони «Мегафон» қабл аз ҳама ғунҷоиши хатти шабакаҳои алоқа ва шабакаҳои интернетиро дар ноҳияҳое , ки ҷашнвора доир мешуд, васеъ кардаад. Ба зами ин истгоҳҳои базавии 3G- ро дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рушони ВМБК мавриди истифода қарор доданд. Метавон гуфт, ки иштирокчиёни фестивали «Боми ҷаҳон» натанҳо аз майдони ҷашнвора, балки дар роҳ ба фестивал имкони пайвастан бо наздиконашонро пайдо карданд.

Раҳим Садоншоев, роҳбари Раёсати минтақавии ширкати «Мегафон» дар ВМКБ мегӯяд: «Барои ширкатҳои мобилӣ ҳар гуна ҷамъомаде , ки дар он беш аз ҳазор тамошочӣ гирдиҳам биёяд, як «имтиҳон» мансуб мешавад. Аз имтиҳон гирифтани баҳои аъло ҳамон вақт даст медиҳад, ки агар ба он омодагии ҷиддӣ дида бошед. Аз ин нуқтаи назар муҳандисони мо то баргузории фестивалҳои бузург ва идҳо ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳо қабл аз оғози онҳо омодагии ҳамаҷониба мегиранд. Натиҷаи кори онҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои наздик ба он, дар чунин рӯзҳо,  дастрасии ҳар як муштари ба алоқаи аълосифат мебошад».

Инак ҷашнвора ба поён мерасад, умед аст, ки «Мегафон» ин имтиҳонро бо сарбаландӣ гузашта бошад.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97