«Мегафон»Бадахшонро дар фоҷиа танҳо намегузорад

Хабари хуб 31.07.2015 00:00

 

 

mega

 

 

 

 

 

 

 

 

«Мегафон» оид ба фаъолияти шабакаи Ширкат дар вазъияти фавқуллода дар Бадахшон иттилоъ медиҳад.

    Рӯзи 21 июли соли 2015 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои мониторӣ оид ба бартарафсозии саддамаҳои эҳтимолӣ дар шабакаи «Мегафон» ва саривақт бартарафсозии онҳо дар ҳолатҳои фавқуллода шабонарӯзӣ гузаронида мешаванд.Кормандони ширкати «Мегафон» тамоми чораҳоро меандешанд, ки шабакаҳои мухобиротии онҳо, дар он ҷойҳое, ки мардум аз фаромадани сел осеб дидаанд, фаъол бошанд, зеро дар ноҳияҳои аз офати табии зарардида, алоқаи мобилӣ яке аз воситаҳои муҳим ва аввалиндараҷа мансуб мешавад.

 

«Мегафон» барои наҷотдиҳандагон, кормандони тиб, сокинони ноҳияҳое , ки мехоҳанд аз ҳолу аҳволи наздиконашон бохабар бошанд, моҳияти аввалиндараҷа медиҳад. Аз ин лиҳоз дар ҳолати сар задани офати табии мо талош мекунем, ки дар мадди аввал шабакаҳои алоқаро ҳарчи зудтар барқарор намоем. Дар ҳоли ҳозир 95 фоизи истгоҳҳои базавии «Мегафон» дар ВМКБ шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд, - мегӯяд роҳбари минтақавии Раёсати ширкати «Мегафон» Раим САДОНШОЕВ

 

 -Барои фаъолияти бетанаффуси Шабака, дар ҳолатҳои фавқуллода аз истгоҳҳои муҷаҳаз бо  ҳаракатдиҳандаҳои барқӣ истифода мекунем. Ин имкони онро медиҳад, ки дар ҳолатҳои фавқуллода дар сурати канда шудани хаттҳои интиқоли қувваи барқ, аз омадани сел, фаъолияти шабака қаът намешавад.

 

 Ба минтақа дастгоҳҳои барқтаъминкунии иловагӣ, ки бо истифода аз онҳо мутахассисони «Мегафон» метавонанд  фаъолияти дастгоҳҳои он ноҳияҳоеро, ки то ба имрӯз дар онхо  оқибатҳои офати таббии пурра бартараф нашудаанд, дар ҳолати корӣ нигоҳ бидоранд.

 Маълумот:

 

Рақами телефонҳо даъвати фаврӣ дар ҳолатҳои ғайричамдошт аз телефонҳои мобилии шабакаҳои корбарии Тоҷикистон:

 Сӯхторнишонӣ - 101

 Милиса -102

 Ёрии таъҷилӣ- 103

 Барои маълумоти иловагӣ ба Суруш Раҳмонӣ муроҷиат намоед.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97