Оташкушоии марзбонҳои узбак ба сӯйи ду говчарони тоҷик

Хабари хуб 09.07.2015 14:34

granitsa 1Марзбонҳои Узбакистон дар канори деҳаи Патари Конибодоми вилояти Суғд ба сӯи ду ҷавони тоҷик оташ кушода, якеро захмӣ кардаанд. Ҳоло ҳардуи ин ҷавон дар он сӯи марз қарор дошта, Узбакистон онҳоро ба "марзшиканӣ" ва "итоат накардан ба амри сарҳадбонҳо" айбдор мекунанд.

Аммо Фарҳод Турсунов, раиси ҷамоати Патари Конибодом, 30 июн дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, марзбонҳои узбак ба сӯи Тулқинбой Усмонов ва Хуршед Қобилов дар ҳоле оташ кушода ва боздошт кардаанд, ки онҳо машғули говчаронӣ будаанд.

Ба қавли раиси ҷамоати Патар, Тулқинбеки маҷрӯҳ дар бемористони марказии ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Узбакистон бистарӣ буда, Хуршед Қобилов ба модараш занг задааст, то шиносномаҳояшонро ба Узбакистон фиристанд. Бархе аз сокинони ҷамоати Патар мегӯянд, гӯё марзбонҳои Узбакистон ба сӯи ду ҷавони тоҷик ҳангоми дар хоки Тоҷикистон буданашон тир кушода, якеро маҷруҳ кардаанд.

Дафтари матбуоти Кумитаи марзбонии Хадамоти амнияти миллии Узбакистон рӯзи душанбе хабар дод, ки рӯзи 25 июн ҳангоми ҷилавгирӣ аз талоши убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Узбакистон марзбонҳои узбак маҷбур ба истифодаи силоҳ шудаанд ва дар натиҷа як сокини 30-солаи Тоҷикистон тир хӯрдааст. Дар иттилоияи Дафтари матбуотии Кумитаи марзбонии Хадамоти амнияти Узбакистон гуфта мешавад, ки ҳангоми боздошт сарҳадшиканҳо муқовимат нишон доданд. Ба хотири таъмини амнияти худ ва боздошти марзшиканҳо аввал ба ҳаво тир кушода шуд ва баъди идомаи сарпечӣ аз иҷрои амр силоҳро алайҳи марзшиканҳо истифода бурданд. Дар натиҷа сокини ҷамоати Яккатераки Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистон Т.Усмонов (соли таваллудаш 1985) тир хӯрд.".

Усмонов бо ташхиси “ҷароҳат аз қисмати болоии рони рост” ба бемористони марказии ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Узбакистон бистарӣ шудааст. Вазъи ин сокини Конибодом дар иттилоияи Кумитаи марзбонии Узбакистон “миёнаи вазнин” хонда шудааст.

Ҷамоати Патари Конибодом бо Узбакистон ҳаммарз аст ва ҷӯйи обе, ки аз миёни ду кишвар мегузарад, ҳамчун хатти марз хидмат мекунад. Сокинони марзии Конибодом мегӯянд, ҳарчанд миёни сокинони ду тараф мушкил вуҷуд надорад, аммо ба қавли онҳо марзбонҳои Узбакистон дар вақтҳои охир назоратро шиддат бахшидаанд.

Ягона гузаргоҳи марзиву гумрукии байни Тоҷикистону Узбакистон дар Конибодом низ мавсум ба "Патар" дар ҳамин ҷамоати ҳамном воқеъ аст. Вале ин гузаргоҳ чандин сол барои гузари озоди сокинон ва нақлиёт аз ду тараф бастааст.

Дар 4 рӯзи охир ин аллакай се мавриди истифодаи силоҳ аз сӯи марзбонҳои узбак дар марзҳои Узбакистон бо кишварҳои дигари Осиёи Марказист, ки боис ба захмӣ ва ҳатто ҳалок шудани афрод дар ин тирандозиҳо шудааст.

Марзи Узбакистон дар маҷмӯъ 6 221 километрро ташкил медиҳад. Ин кишвар аз ҷумла бо Қазоқистон 2203 километр, бо Туркманистон 1621, бо Тоҷикистон 1161, бо Қирғизистон 1099 ва бо Афғонистон 137 километр марзи мустақим дорад. Узбакистон бо кишварҳои дигари минтақа режими раводид ҷорӣ кардаву марзҳояш бо Тоҷикистону Қирғизистонро симхорпеч ва минакорӣ кардааст. Бар асари таркиши минаҳо дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон дар 15 соли охир даҳҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд. Ҳамин тавр, ҳар сол даҳҳо нафари дигар аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя дар қисматҳои баҳсии марз бо Узбакистон аз сӯи марзбонҳои узбак бо иттиҳоми убури ғайриқонунии сарҳад дастгир мешаванд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97