Шогирдони гимназияи «Ҳотам ва П.В.» ба хазинаи илми тоҷик боз медал оварданд

Хабари хуб 02.07.2015 15:19

hotam PVДар ҳоле ки дар таътили тобистона  хеле аз шогирдони мактабҳои кишвар дар истироҳатгоҳу фароғатгоҳҳо ва ҷойҳои дигар машғули дамгирӣ ҳастанд, чаҳор нафар аз толибилмони тоҷик дар сабқати дониши наврасони Балкан чаҳор медал ба даст оварданд 

Ин чаҳор нафар шогирди гимназия –интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва П.В.» рӯзҳои 24-29 июн дар олимпиадаи риёзӣ миёни наврасон дар Балкан ширкат карда, бо як медали нуқра ва се медали биринҷӣ ба Ватан бозгаштанд.

Ин олимпиада бо ширкати толибилмони 19 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Белгради Ҷумҳурии Сербия баргузор гардид.

Дар олимпиадаи мазкур Тоҷикистонро хонандагони синфи 8 –уми гимназия-интернати «Ҳотам ва П.В.» дар ҳайати; Абубакр Усмонов (барандаи медали нуқра), Меҳрон Бобохонов (барандаи медали биринҷӣ), Суннатулло Раҳматов (барандаи медали биринҷӣ) ва Азизҷон Исматов (барандаи медали биринҷӣ) намояндагӣ карданд.

Ду нафар аз толибилмони литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ, ки онҳо низ дар натиҷаи озмуни интихобӣ ба ҳайати дастаи Тоҷикистон пазируфта шуданд, бо сабабҳои номаълум дар ин олимпиада ширкат наварзиданд.

Роҳбарии дастаи Тоҷикистонро дар ин олимпиада Ёров Хусрав бар уҳда доштааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97