«Ашан» ба Тоҷикистон наомада, буҳрон гиребонгираш шуд

Хабари хуб 11.05.2015 15:11

auchan-gnsСарфи назар аз афзоиши ҳаҷми умумии фурӯш ва коҳиши ду баробари қарз, ҳамчунин нияти роҳ ёфтан ба бозорҳои Тоҷикистон, ширкати чаканафурӯши (ритейлер)-и «Ашан»-и Фаронса беш аз 25%-и фоидаи софашро аз даст додааст. Дар ин бора расонаҳои хабарии Русия иттилоъ додаанд.

Нашрияи «Деловой квартал» дар ин робита навишта, ки соли буҳронии 2014 ба шабакаи фурушгоҳҳои гипермаркети «Ашан» дар ҳаҷми аз даст додани ҳудуди 25,2%-и фоидаи соф зиёни зиёд расидааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳаҷми умумии фурӯши ширкат афзудааст.

«Газета.ру» бо истинод ба France-Presse дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамин ҳол, қарзи софи ширкати «Ашан» қариб ду баробар - то 1,8 млрд. евро коҳиш ёфтааст.

Бино ба навиштаи «Азия плюс» қаблан маълумоте интишор шуда буд, ки як ширкати чаканафурӯшии маҳсулоти ғизоии Русия «Ашан Россия», ки яке аз воҳидҳои ширкати фаронсавии «Ашан» аст, бо ширкати Schiever оид ба ифтитоҳи фурушгоҳҳо дар Тоҷикистон шартномаи франшизӣ (додани маҷмӯи ҳуқуқҳо) ба имзо расонид.

Таъкид шуда буд, ки воҳиди русиягии «Ашан» маҳсулоти дар Русия истеҳсолшударо таҳти тамғаи тиҷоратии худ ба Тоҷикистон таҳвил медиҳад. Интиқоли маҳсулот аз анборе дар шаҳри Новосибирск сурат мегирад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97