Tcell – 15 соли боз ҳам наздикгардонии мардум!

Хабари хуб 20.04.2015 15:51

IMG 2491Имсол, ширкати Tcell 15 сола шуд! Аз лаҳзаи таъсиси ҶМСП «Сомонком» 15 сол сипарӣ шуд. Аз моҳи марти соли 2010, ин ширкат якҷоя бо ҶСП «Индиго Тоҷикистон» таҳти бренди Tcell фаъолият менамояд.

Чанде пеш дар Тоҷикистон дар охири солҳои 1990-ум хизматрасониҳои телефонӣ дар вазъи бад қарор доштанд. Телефонҳои мобилӣ лаззати гарони дунёӣ буданд, мавҷи иртиботи мобилӣ шаҳрро хеле кам фаро гирифта буд. Барои тамос бо наздиконе, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар буданд, бояд дар навбат истода соъатҳо интизор мешуд, ки ба утоқе ворид шуда садоӣ наздикону дӯстонро бишнавем.

Дар ҳамин шароит ширкати Tcell бо 6 корманд ва дар бинои иҷоравӣ таъсис ёфт. Имрӯз, ширкати Tcell бузургтарин ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба беш аз 3,5 миллион муштариёни худ, хизматрасонии худро пешниҳод менамояд! Дар ҳудуди кишвар беш аз 2000 истгоҳҳои иртиботи бесим ҷойгир буда, беш аз 2000 нуқтаҳои фурӯш мавҷуд аст.

Бо шарофати ширкати Tcell, Тоҷикистон дар минтақа нахустин кишваре буд, ки соҳиби иртиботи стандарти 3G гардид. Имрӯз, шабакаи 3G қариб тамоми кишварро фаро мегирад. Аз моҳи апрели соли 2014 ширкати Tcell хизматрасонии интернети мобилии босуръати 4G-ро пешниҳод намуд. Бо истифодаи шабакаи 4G, ширкати Tcell ба муштариёни худ хизматрасониҳои гуногуни навовар, аз он ҷумла, дастрасӣ ба Интернет, оинаи нилгун (ТВ), тамошои филмҳо аз видео-порталҳо бо сифати HD, пахши озод тариқи Интернет, барномаҳои (нармафзорҳои) табодули фаврии паёмакҳо ва дигар чандрасонаҳоро пешниҳод менамояд.

IMG 2492Дар муддати 15 соли фаъолияти ширкат бисёр воқеаҳои муҳиме рӯй дод.

  • Соли 2010 ширкат ребрэндингро комилан анҷом дод ва ба холдинги TeliaSonera дохил гашт, ки дар соҳаи телекоммуникатсия беш аз 150 сол собиқа дошта, яке аз ихтироъкори технологияи иртиботи мобилии стандарти GSM буда, бори нахуст дар ҷаҳон иртиботи мобилии стандарти 4G/LTE-ро пешниҳод намуд.
  • Фонди Оғо Хон доир ба рушди иқтисод дуюмин асосгузори ширкати Tcell эълон шуд. Рушди саноати телекоммуникатсия ба рушди мутаносиби МММ-ии кишвар таъсири мусбӣ мерасонад. Технологияи коммуникатсионии муосир, хусусан Интернети мобилӣ, дарҳои нави имкониятҳоро барои муштариён боз менамояд.
  • Аз соли 2009 то соли 2014, ширкати Tcell пай дар пай унвони “Беҳтарин андозсупорандаи ҶТ” сазовор гашт. Соҳиби ҷоиза гаштан дорои шаффофияти молиявӣ будан ва масъулияти баланди иҷтимоии ширкатро дар назди мардум нишон медиҳад. 
  • Соли 2012, биноидафтари расмии муосири ширкат - Tcell Plaza кушода шуд. Дафтари Tcell Plaza ороиши ансамбли меъмории пойтахт ва зоҳири технологии он гардид.
  • Tcell бори нахуст дар Тоҷикистон фурӯши эксклюзиви смартфонҳои Samsung Galaxy S3 ва Samsung Galaxy Note 3 бо пешниҳоди бастаҳои ягонаро оғоз намуд.
  • Дар доираи лоиҳаи иҷтимоӣ ва корпоративии худ, мо даҳҳо иқдомҳои бузурги хайриявиро оғоз, дар он ширкат ва онҳоро сарпарасти намудем. Ҳамчунин, дар соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва баҳри дастгирӣ намудани маъюбон ва табақаи камбизоат бисёр иқдомҳои хурди мақсаднокро анҷом додем.
  • Соли 2012 Tcell бо оғози иқдоми “Стипендияи бунафшранг” донишҷӯёни болаёқатро барои соли хонишро бо баҳои хубу аъло ба поён расонидан, бори аввал дар кишвар ҷалб намуд.
  • Tcell миёни дигар ширкатҳо дар шабакаи иҷтимоии Facebook бо беш аз 8 ҳазор ҳаводорон пешво гардид. Аз лаҳзаи оғози саҳифаи иҷтимоияш дар соли 2011, беш аз 10 озмунҳои васеъ-миқёс баргузор намуд, ки дар он Tcell “ҷаноб” ва “бонуи Tcell”, “Акси духтарони муқова”, “Лаҳзаҳои хушбахтии зиндагӣ”, аз ҳама ошиқони вафодор ва ватандоронро меҷуст. Ширкати Tcell аз рӯи шиори худ амал намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки то бо муштариёни худ на танҳо бо суханҳо, балки бо амалҳои худ наздик бошад.

Усули фаъолияти ширкати Tcell хеле содда аст –ба ҳар як муштарӣ таваҷҷуҳи хосзоҳир кардан, ба тиҷорат диққат намуда, эҳтиром, муносибати одилонаву хирфаӣва қабули қарорҳое, ки ба рушд ва беҳбудӣ мусоидат менамояд, фаъолияти худро ба роҳ гузоштааст.

Дастовардҳои ширкат – ин саҳми ҳар як муштарӣ, ҳар як корманди ширкат ва дар маҷмӯъ рушди бомуваффақи иқтисоди кишвар аст.

Барои интихоби ширкати Tcell бароятон сипос мегӯем! 

Саҳифаи расмии ширкати Tcell: http://www.tcell.tj/

Саҳифаи расмии Facebook-и ширкати Tcell : https://www.facebook.com/tcell.tj

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97